МЕДИАСТИНИТ (Mediastinitis; лот. mediastinum – миёндевор), илтихоби насчи миёндевор. Хамчун оризаи беморихои римдори плевра, шуш, дабилаи руй ва гардан, инчунин дар натичаи осеби узвхои миёндевор (мас., сурхрударо сурох кардани чисмхои бегона), зимни тадкики эндоскопи ё баъди чаррохи (мас., буридани сурхруда, протезгузори ба клапанхои дил, чок кардани хирной ва бронххо) ба вучуд меояд.
Дарди сандуки сина ва тахтапушт, табларза, баланд шудани харорати бадан (39 – 40°), дамкутохи, гирифтани овоз ва баъзан тира гаштани акл аз огози М. дарак медиханд. Оризаи нисбатан вазнини бемори фишор хурдан ё сурох шудани узвхои миёндевор (хирной, сурхруда, рагхои калон) мебошад. М.-ро бо тадкикоти рентгенологи ташхис мекунанд.
Хангоми гумонбар шудан аз М. беморро бетаъхир дар касалхона хобондан лозим аст. М.-ро бо антибиотикхо махлули электролитхо, витаминхо, маводи сафедавии муовизи хун, дорухои дилу рагхо ва г. табобат мекунанд. Пешомади бемори хамеша чидди аст.
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон
Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …