Главная / Варзиш / Машқҳо барои мувозинат

Машқҳо барои мувозинат

Машқҳо барои мувозинат барои дар як нуқта нигох дошта таво- нистани бадан лозиманд. Масалан, ҳангоми дар як пой истодан ё худ дар майдончаи муайяншуда ва дар болои чӯб ё хараки гимнастикӣ ҷойгиршудан.

Бо ёрии ин машқҳо шумо чобуктар, бодиққаттар шуда дар худ ҷасурӣ, боиродагӣ ва худидоракуниро тарбия хохӣ кард.

Машқҳои мувозинатӣ барои ташаккули қаду қомат низ хеле нақши муҳим мебозанд. Машқҳои одитарини мувозинат: истодан бо нӯги пой дар рӯи замин, дар як пой истодан, роҳ гаштан аз болои хати рости дар замин кашидашуда ва ғайра. Шумо худатон онҳоро иҷро карда метавонед. Барои машқҳои нисбатан душвор гулӯлаҳои вар- зишӣ исгифода бурда мешавад: харакҳо, чӯбҳо, бумҳо ва ғайра. Маш- қҳоро дар болои онҳо бо ёрии дӯстон, падару модар ва ё муаллим иҷро намоед.

Синфхои 1-2

Истодан дар як пой бо ҳаракати дастхо ва пойи озод, бадан: роҳ гаштан аз болои тахтаи гимнастикӣ, аз болои чӯби гимнастикӣ, аз болои тӯбҳо гузаштан, бо ду пой ва як пой бо чашмони пӯшида. Худи хамон тавр, бо ҳаракати дастҳо: аз болои харак рост, якпаҳлӯ, ба тахтапушт бо ҳаракатҳои гуногуни дастҳо, бо партофтан ва доштани тӯб, бо гузаштан аз болои тӯбҳои калон, аз болои ресмон гузашта дар зери пойи чап ва рост қарсак задан (расми 36), дар нӯги пой роҳ гашта тоб хӯрдан мебояд.

Расми 36
Расми 36

Синфҳои 3-4

Рох гаштан аз болои харак (баландиаш то 100 см) бо қадамҳои пахдуӣ, қадамҳои калон-калон ва партофташуда, қадамхо бо нӯги пой, дар нӯги пой тоб хӯрдан (бо як пой) ҷаҳида ба 90°ва 180°тоб хӯрдан, нишастан ва такя ба дастхо кардан, такя ба зонуҳо (расми 37).

Расми 37
Расми 37

Номҳои лавозимоти гимнастикӣ: асп, харак; ресмон, деворак, тахта ва ашёи гимнастикӣ кӯпрукча, матхо, девораи гимнастикӣ, чӯби гимнастикӣ, шаст, банд, тӯби калон, гантелҳо, эспандер, байрақчахо, гурзхо, ҳалқаро дар хотир дор.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …