МАНСУРОВА Ирина Ҷафаровна (15. 11. 1925, Бухоро – 06. 04. 1991, ш. Душанбе), духтур ва биохимик, доктори илми тиб (1967), проф. (1969). Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм кардааст (1948). С-ҳои 1951 – 59 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои сироятӣ, ассистенти кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, с-ҳои 1959 – 76 ходими калони илмӣ, мудири шӯъбаи биохимияи Ин-ти тадқиқоти илмии тибби кишварии Тоҷикистон (ҳозира Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи АФ ҶТ) буд. Аз с. 1976 то 1991 вазифаи мудири лабораторияи биохимияи одаму ҳайвоноти Шӯъбаи муҳофизати табиати АФ ҶШС Тоҷ.-ро ба ӯҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 200 кори илмӣ (аз ҷумла 3 монография) доир ба омӯзиши ихтилоли раванди мубодила дар организм ва таъсири дорую заҳрҳо ба он мебошад. М. бори аввал дар ИҶШС усулҳои таҳлили микрохимиявии пунктатҳои ҷигар (унсурҳои бофтаи ҷигар, ки бо сӯзани махсус гирифта мешавад), инчунин типҳои конселлятсионии ферментҳоро кор кардааст. Бо роҳбарии М. сабабҳои музмин гаштан ва роҳҳои пешгирии бемориҳо, таъсири растаниҳои доруӣ ба мубодилаи модда дар организми зинда омӯхта шуд. Зери таҳрир ва иштироки бевоситаи М. се ҷилди маҷмуаи илмии «Экспериментальная патология печени» чоп шудааст.
М. дар конгрессу симпозиумҳои биохимиявӣ дар Булғория (1968), Голландия (1972), Канада (1979), Франсия (1969), Чехославакия (1974, 1976), Швейтсария (1969) маърӯзаҳои илмӣ кардааст. Бо нишони «Аълочии тандурустии ИҶШС» (1967) ва медалҳо сазовор гаштааст.
Ос.: Биохимия печени при болезни Боткина и боткинских циррозах, Д., 1964; Обменные процессы при диффузных поражениях печени, Д., 1967; Избранные лекции по клинической биохимии, Д., 1971.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …