Главная / Гуногун / Комил ТОҶИЕВ (Тоҷиевич_

Комил ТОҶИЕВ (Тоҷиевич_

ТОҶИЕВ КомилТОҶИЕВ Комил Тоҷиевич (25. 10. 1910, шаҳри Конибодом —30. 3. 1981, Душанбе), ҷарроҳи советӣ, доктори илмҳои тиб (1960), профессори (1961), Ходими Хизматнишондодаи Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1963), академия Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1965). Аъзои КПСС аз соли 1943. Институти тиббии 2- юми шаҳри Москва ба номи Н. И. Пироговро хатм кардааст (1937).

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии Институти давлатии тиббии шаҳри Тошкент (1946—51), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҷарроҳии умумии Институти давлатии тиббии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1952—54). Аз соли 1960 мудири кафедраи ҷарроҳии умумии Институти давлатии тиббии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, дар як вақт (1965—73) ректори ҳамин донишкада буд.

tojiev-komil_
Таҳти роҳбарии Тоҷиев 6 рисолаи доктори ва зиёда аз 20 рисолаи номзади ба ҳимоя расидааст. Тоҷиев мактаби ҷарроҳони тоҷикро бунёд кард. Тоҷиев муаллифи 8 монография ва зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмист. Корҳои илмии Тоҷиев ба ҷарроҳии дилу рагҳо, шуш, ҷоғари тиреотоксикӣ, татбиқи усулҳои муосири ташхиси нуқси ғайримодарзодии дил, бемориҳои ҷарроҳишавандаи шуш ва ғайра оиданд.
Лауреати Мукофоти давлатии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1967). Бо орденҳои Ленин, Дӯстии халқҳо, Ситораи Сурх, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1, 2), 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Асар: Мумиё и стимулясия регеиеративных просессов (ҳаммуаллиф бо дигар), Душанбе, 1971; Иаменения алектро и векторо- кардиограммы при гипертрофии миокарда (ҳаммуалл. Носенко Г. И.), Ташкент, 1976.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …