КОЛОБОМА (Coloboma; юн. koloboma – қисми намерасида), нуқси модарзодӣ, баъзан ғайримодарзодии ин ё он сохтори чашм (канори пилк, гавҳарак, рагпарда, шабакия, қурси асаби босира, булӯрак).
К.-и модарзодӣ бисёр вақт дар инабия ба мушоҳида мерасад. Вай одатан дар зери гавҳарак ҷой мегирад (баъзан ҳар ду чашм осеб меёбад). К.-и инабия метавонад пурра (аз канори гавҳарак то канори инабия) ва ҷузъӣ бошад. Дар ин гуна ҳолатҳо босира, одатан, халал намеёбад. К.-и васеъи худи рагпарда ва К.-и қурси асаби босира мумкин аст сабаби якбора суст гаштани тезии биноӣ ва ҳатто курӣ гардад.
К.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи осеб ё амалиёти ҷарроҳӣ падид меояд. Мас., баъзан ҳангоми ҷарроҳии глаукома инабияро қисман бурида дур мекунанд.
Беморони гирифтори К.-ро ба назди духтури офталмолог фиристодан лозим аст. Муолиҷа ба тарзи ҷойгирии К. вобастагӣ дорад. Ниг. низ Чашм.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …