Главная / Гуногун / КИТОБИ СИЁСАТШИНОСӢ

КИТОБИ СИЁСАТШИНОСӢ

Китоби дарсӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2017, №11/14 ба чоп тав- сия шудааст.

Муҳаррири масъул: Муҳаммад А.Н. – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ

Муқарризон:

Нуриддинов Р.Ш. – доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Искандаров А.- доктори илмҳои сиёсӣ.

Саидов А.С. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

Муҳабатов А. – номзади илмҳои фалсафа, профессор

Муаллифони мавзӯъҳо:

Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз – доктори илмҳои сиёсӣ, про- фессор (мавзӯъҳои 1, 2, 4, 5, 7, 9, 16, 18, 19, 20, 24).

Хидирзода Махфират Умар – доктори илмҳои фалсафа, про- фессор (мавзӯъҳои 8, 13, 17, 21).

Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент (мавзӯъҳои 3, 6, 10, 11, 12, 14, 15, 22, 23, 25).

18В^ 978-99975-994-4-5

© Муҳаммад Абдураҳмон,

Хидирзода Махфират, Сафарализода Хуҷамурод, 2018.

ПЕШГУФТОР

Аз қадимулайём падидаи сиёсат ҳамчун як соҳаи муҳимми фаъолияти инсон муайян гардидааст, ки дар раванди инкишофи ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи одамонро ба ҳаёти сиёсӣ ва қонунҳои он ҷалб менамояд. Фаҳмиши сиёсат ҳамчун соҳаи равобити гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва умумиятҳои одамон ба воситаи методологияи коммуникатсионӣ ифода меёбад. Асосгузори чунин фаҳмиши сиёсат Арасту ба шумор меравад. Ӯ сиёсатро ҳамчун шакли муошират ва ҳамчун воситаи мавҷудияти гурӯҳии инсон донистааст. Ба андешаи Арасту, инсон аз рӯйи табиати худ мавҷудоти ҷамъиятӣ мебошад ва ӯ худро танҳо дар ҷомеа (оила, маҳалла, давлат) метавонад ташаккул диҳад. Давлат ба сифати шакли олии алоқаҳои иҷтимоӣ ва муоширати инсонҳо муаррифӣ мегардад.

Мутафаккирони гузаштаи тоҷик низ дар ин самт таҳлилҳои зиёде ба анҷом расонидаанд, ки то имрӯз арзиши худро гум накардаанд. Масалан, Ибни Сино сиёсатро чун навъи санъат меҳисобад. Ӯ дарҷ менамояд, ки сиёсат ва муносибатҳои сиёсӣ ҷавлонгоҳи на танҳо ақл, балки маҳорат низ ҳастанд ва ба онҳо бояд чун навъи санъати олӣ муносибат намуд. Бинобар ин маснади сиёсии давлатро, аз назари Сино, бояд подшоҳ ё султон сарварӣ намояд. «Дар тадбири умур ва ҳусни сиёсат сазовортарин мардум ба тафаккур подшоҳону шаҳриёронанд, ки Худо ононро зимомдори умури бандагони худ намуда ва барои танзими билод дорои тасаллут ва қудрат намудааст».[1]

Оини сарварии подшоҳ ё султон, тибқи ақидаи вай, бояд қабл аз ҳама, ба омилҳои маънавӣ вобаста бошад. «Нахустин сиёсате, ки сазовор аст, инсон бо он оғоз кунад, ҳамоно сиёсати нафси худи ӯст. Яъне, аввал, бояд дар ислоҳи нафси худ бикӯшад, сиёсату тадбирашро дар он кору кӯшиш ба кор бурда, хештанро солеҳу неку бинамояд. Чи нафси одамӣ наздиктарину муҳтарамтарини чеҳраҳост нисбат ба ӯ ва дар миёни онҳо ба инояту таваҷҷуҳ сазовортар ва шоистатар аст. Ва агар касе аз уҳдаи сиёсати неку ва ислоҳи нафси худ барояд, он гоҳ боке бар вай нест, ки ба болотар аз он иқдом карда, ба сиёсати билод бипардозад. Яъне, касе ки худро ислоҳ карда бошад, метавонад ба сиёсату тадбири умури мардум иштиғол варзад».[2]

Ҳамин тавр, вобаста ба талаботи ҳаёти ҷомеа андешаҳо хеле мухталифанд ва бисёре аз донишмандон дар ин самт таҳлилҳои зиёде доранд. Баъдан, қисми алоҳидаи дониш, яъне фалсафаи амалии он – илм дар бораи сиёсат ба вуҷуд омад, ки дар ҷараёни таҳқиқи зуҳуроти сиёсӣ ва равандҳои сиёсӣ мақоми хосса дорад.

Бояд тазаккур дод, ки илмҳои сиёсӣ таърихи зиёда аз дуҳазорсола доранд, вале ҳамчун фанни мустақили таълимӣ дар кишварҳои аврупоӣ тӯли сад соли охир таълим дода мешаванд. Дар кишвари мо омӯзиши сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни таълимӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба миён гузошта шуд. Имрӯз донистани фанни сиёсатшиносӣ яке аз омилҳои асосии маърифатнокии умумии ҳар як фард, бахусус мутахассисони оянда маҳсуб меёбад.

Ба вуҷуд овардани тасаввуроти мукаммал дар бораи сиёсат, баррасии мафҳумҳои илмию масъалаҳои назариявии соҳаи сиёсат, истифодаи онҳо барои таҳлили раванду ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва пайдо намудани малакаю таҷриба барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ мақсадҳои асосии сиёсатшиносӣ мебошанд.

Ҳамзамон, боиси қаноатмандист, ки дар айни ҳол, барои устувории асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва заминаҳои рушди илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ гардидаанд, ки самтҳои асосии сиёсати илмиро муайян менамоянд. Барномаи «Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ва «Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028» яке аз муваффақиятҳое ба шумор мераванд, ки дар замони дигаргуниҳои ҷомеа барои рушду нумӯи илмҳои мазкур заминаи мусоидро фароҳам меоваранд.

Дар баробари ин, омӯзиши фанни мазкур яке аз воситаҳои муҳимтарини иҷтимоикунонии шахс ва ташаккули маданияти сиёсӣ ба шумор меравад. Муҳимтарин ҷанбаи фанни сиёсатшиносӣ муайян намудани моҳияти фаъолияти сиёсӣ мебошад. Фанни мазкур барои донишҷуён методологияи таҳлили ҳаёти сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва алоқамандии донишҳои сиёсиро фароҳам меоварад. Ҳамчунин, фанни сиёсатшиносӣ дар раванди таълиму тарбия дар зеҳну тафаккури донишҷӯён худшиносию худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсиро устувор менамояд.

Китоби мазкур дар асоси нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимӣ барои факултетҳои ғайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат омода шудааст. Муаллифон ба методика ва усулҳои таълими илмҳои сиёсӣ такя намуда, сарчашмаҳои илмии гуногунро мавриди истифода қарор додаанд. Махсусан, инъикоси равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе мавзӯъҳои нав бори нахуст барои донишҷӯён пешниҳод мегарданд.

Муҳаммад Абдураҳмон, профессор

МАВЗӮИ 1. СИЁСАТ ҲАМЧУН
ПАДИДАИ ҶАМЪИЯТӢ

Гар теғи сиёсати салотин набувад, Дар олами хок оби хуш кас нахӯрад.

  • 1. Мафҳум ва моҳияти сиёсат

Мафҳуми «сиёсат» дар таърихи тамаддуни башарият ҳамеша мавриди истифода ва баҳси ҳамагон қарор дошт. Ҳамзамон, сиёсат ба