Главная / Илм / КАУК

КАУК

kaukКАУК, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳ. Шуғнон. Дар соҳ. чапи д. Ғунд, 150 км шимолу шарқтар аз ш. Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз с. б. 4200 м. Дебиташ 3 – 4 л/сон. Оби чашма ба воситаи якчанд пармачоҳ мебарояд. Ҳарор. обаш аз +71 то +760С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (194 мг/л), калсий (10,0 мг/л), магний (10,0 мг/л), калий (8,0 мг/л), анионҳои сулфат (156 мг/л), хлоридҳо (141 мг/л), гидрокарбонатҳо (122 мг/л), молекулаҳои кислотаҳои силикат (112 мг/л), метаборат (10,0 мг/л), ангидридҳои озоди карбон (4,0 мг/л), ҳамчунин мис, никел, руҳ, фтор ва сурб мавҷуданд. Минералнокии умумиаш ¬ – 9,7 ¬– 10,8 г/л. Оби чашмаро метавон барои қабули обзан (ванна) – ҳо истифода бурд. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ба оби чашмаҳои Красноселски Бошқирдистон наздик аст. Онро барои табобати амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳаракат, силсилаи асабҳо, амрози занона, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …