Главная / Илм / КАУК

КАУК

kaukКАУК, чашмаи минералии обаш гарм дар нох. Шугнон. Дар сох. чапи д. Гунд, 150 км шимолу шарктар аз ш. Хоруг чойгир аст. Баландиаш аз с. б. 4200 м. Дебиташ 3 – 4 л/сон. Оби чашма ба воситаи якчанд пармачох мебарояд. Харор. обаш аз +71 то +760С. Дар таркиби оби чашма катионхои натрий (194 мг/л), калсий (10,0 мг/л), магний (10,0 мг/л), калий (8,0 мг/л), анионхои сулфат (156 мг/л), хлоридхо (141 мг/л), гидрокарбонатхо (122 мг/л), молекулахои кислотахои силикат (112 мг/л), метаборат (10,0 мг/л), ангидридхои озоди карбон (4,0 мг/л), хамчунин мис, никел, рух, фтор ва сурб мавчуданд. Минералнокии умумиаш ¬ – 9,7 ¬– 10,8 г/л. Оби чашмаро метавон барои кабули обзан (ванна) – хо истифода бурд. Аз чихати таркиби химияви ба оби чашмахои Красноселски Бошкирдистон наздик аст. Онро барои табобати амрози дилу рагхо, узвхои харакат, силсилаи асабхо, амрози занона, гадудхои дохили ва ихтилоли мубодилаи моддахо истифода бурдан мумкин аст.
Ад.: Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …