Главная / Гуногун / Катаракта — бемори чашм

Катаракта — бемори чашм

Катаракта – ин беъмориест, ки ба хирашавии зуҷоҷаи (линзаи оптикии), дохили чашм, оварда мерасонад.

Маълумотҳои умумӣ

Дар аксар ҳолатҳо катаракта ба таври муътадил ҳамчун нишонаи пирӣ афзоиш меёбад. Ташаккулёбии катаракта дар шахсоне, ки ҷароҳати чашм гирифтааанд, пас аз муолиҷаи шуоӣ ва глюкокортикоидноӣ, ҳангоми доштани бемориҳои ирсӣ ва диабети қанд тезтар афзоиш меёбад. Инкишофи катарактаи модарзодӣ дар он ҳолат ба амал меояд, ки агар модар ҳангоми ҳомиладорӣ бемориҳои гуногуни сироятҳо (сурхакон, герпес, сирояти ситомегаловирусная, гул, зуком ва як қатор сироятҳои дигарро гузаронидааст, дар зери таъсири мавҷҳои радиатсия, маводҳои сахттаъсиркунандаи доругиро истеъмол намудааст.  Вале сабабҳои аниқи инкишофёбии бемории мазкур то ҳанӯз аниқ карда нашудааст, то ҳол дар аксар ҳолатҳои катарактаи модарзод волидайни кӯдак комилан солим мебошанд.

Катаракта метавонад дар як ва ё ҳар ду чашмҳо пайдо шавад. Зиёдтар катаракта ба таври симметрикӣ аз ду тараф инкишоф меёбад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он дар натиҷаи ҷароҳати чашм пайдо нашуда бошад. Катаракта метавонад як қисми зуҷоҷа ва ё онро пурра  маҷруҳ намояд.

Омилҳо

Омили асосии хатар барои ташаккулёбии катаракта  синну сол мебошад. Хирашавии аввалини зуҷоҷа, одатан аллакай пас аз 40-50 солагӣ пайдо мешавад. Дар вақтҳои охир ин нишондод барвақттар ба назар мерасад. Пас аз 65 солагӣ дараҷаи муайяни хирашавии зуҷоҷа дар нисфи аҳолӣ мушоҳида карда мешавад, гарчанде ки вайроншавии биниш ба қайд гирифта намешавад.

Ба омилҳои дигари хатари ташаккулёбии катаракта дохир мешаванд: диабети қанд, мавҷуд будани катаракта дар яке аъзоёни оила, ҷароҳатҳо ва ё бемориҳои илтиҳоби чашмон дар гузашта, чароҳии чашм, истифодаи дарозмуддати глюкокортикостероидҳо, дар муддати зиёд дар зери нури офтоб будан, таъсири дарозмуддати радиатсияи ионизируювӣ, ва тамокукашӣ дохил мешаванд ва кашидани тамоку дохил мешаванд

Фикри маъмул дар байни мардум оиди оне, катаракта метавонад дар натиҷаи фаъолияти зиёди чашм, ба монанди хониши зиёд ва ё тамошои оинаи нилгун иштибоҳ аст.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …