Главная / Илм / ИММУНОЛОГИЯ

ИММУНОЛОГИЯ

imunnologiaИММУНОЛОГИЯ (Immunologia; аз иммунитет ва …логия), масуниятшиносӣ, илми тиббию биологиест, ки таассури молекулавӣ, ҳуҷайравӣ ва физиологии организмро ба антигенҳои гуногун ва ноҷӯриҳои дар ин маврид пайдошуда меомӯзад. Маҷмӯи таассури муҳофизатие, ки ба доимӣ нигоҳ доштани муҳити дохилии организм нигаронида шудааст, иммунитет ном дорад.
И. ҳамчун илми мустақил аз кашфиёти Л. Пастер (1880) оғоз ёфт. ӯ муқаррар кард, ки мурғони бо парвардаи кӯҳнаи ангезандаи касалии вабо моякӯбшуда ба таъсири ангезандаҳои ниҳоят бадзаҳри вабои мурғон муқовимати зӯр ва ноҳассосӣ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ Л. Пастер принсипи ба даст овардани ваксинаҳоро муайян намуда, бар зидди бемориҳои сӯхтанӣ ва ҳорӣ мояҳои махсус тайёр кард.
Ба тараққиёти И. олимони немис П. Эрлих, франсавӣ Э. Ру, австриягӣ К. Пирке, рус И. И. Мечников, А. А. Безредка, В. К. Високович, И. Г. Савченко, Н. Н. Чистович, Л. А. Тарасевич ва шӯравӣ И. Л. Кричевский, Л. А. Зилбер, П. Ф. Здродовский, Г. В. Вигодчиков, В. И. Иоффе ва дигарон саҳми калон гузоштаанд.
И. таълимот дар бораи иммунитет ва таълимот дар бораи аллергияро низ дарбар мегирад. И. ба ду соҳа – И.-и назариявӣ ва И.-и амалӣ тақсим мешавад. И.-и назариявӣ ба ошкор намудани асл ва тариқи ба амал омадани таомулҳои ба иммунитет ва аллергия мутааллиқи организм машғул аст. Вазифаи И.-и амалӣ ба кор бурдани таомул ва омилҳои иммунитет дар амалияи тиб, байторӣ ва биология мебошад (мас., истифодаи реаксияи серологӣ ва аллергӣ дар ташхиси бемориҳои сироятӣ, ҳалли баъзе масъалаҳои экспертизаи тиббӣ-судӣ бо усулҳои масуниятшиносӣ, муайян кардани гурӯҳҳои хун ва ғ.). Реаксияҳои иммунологӣ дар соҳаи эпидемиология ва эпизоотология барои ошкор намудани сироятҳои нуҳуфта (пинҳон) низ васеъ ба кор мераванд. Бо ёрии омилҳои иммунологӣ бемориро ташхис (иммунодиагностика), пешгирӣ (иммунопрофилактика) ва табобат (иммунотерапия) менамоянд.
И. чанд фасл дорад: иммуноморфология, ки анатомия, гистология ва ситологияи системаи масунии организм, И.-и қиёсӣ, ки аксуламали масунии организми ҷонварони гуногун, иммунопатология, ки таомулҳои иммунологии фавқулоддаи зараровар ва бемориҳои бо ихтилолоти фаъолияти системаи иммунитет вобаста, иммунобиология, ки тариқи ҳосилшавии подтанҳо, филогенез ва онтогенези системаи иммунитетро дар ҳадди ҳуҷайра ва молекула меомӯзад.
И. усулҳои пажӯҳишии худро дорад. Аз усулҳои тадқиқотии навтарини диг. илмҳои наздик (биохимия, ситоморфология, эндокринология ва ғ.) низ истифода мебарад. Олимони Тоҷикистон баъзе масъалаҳои муҳими И. (таъсири шароити баландкӯҳ ва иқлими гарм ба реаксияҳои иммунологӣ, масунияти организми инсон ҳангоми бемориҳои сироятии шадид ва ғ.)-ро тадқиқ намуда, дар тараққиёти И. саҳми муайян гузоштанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …