Главная / Гуногун / Ҳикояи Соҳибдиле

Ҳикояи Соҳибдиле

Яке аз вузаро ба зердастон раҳмат оварди ва салоҳи ҳамгинон ба хайр таввасут намудӣ. Иттифоқан ба хитоби малик гирифтор омад. Ҳамчунон  дар истихлоси ў саъй карданд ва муваккилон дар муоқибаташ мулотифат намуданд ва бузургон зикри сирати хубаш ба афвоҳ бигуфтанд, то малик аз сари итоби ў даргузашт, Соҳибдиле бар ин иттилоъ ёфт ва гуфт:

 

То дили дўстон ба даст орӣ,
Бўстони падар фурўхта беҳ.
Пухтани деги некхоҳонро
Ҳар  чи рахти сарост, сўхта беҳ,
Бо бадандеш ҳам накўи кун,
Даҳани саг ба луқма дўхта беҳ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …