Главная / Гуногун / Ҳикояи Саг ва Гадо (Афсона)

Ҳикояи Саг ва Гадо (Афсона)

Сагеро гуфтанд:

— Сабаб чист, ки дар хонае, ки бошӣ, гадо гирди он натавонад гашт ва ба ҳар остонае, ки хуспӣ, аз он ҷо натавонад гузашт?

skazkaГуфт:

— Ман аз ҳирсу тамаъ дурам ва ба бетамаъию қаноат машҳур; аз хоне ба лаби ноне қонеам ва аз бирёне ба хушк устухоне хурсанд. Аммо гадо сухраи27   ҳирсу тамаъ аст ва муддаии ҷўъу мункири шабаъ28, нони якҳафтааш дар анбону29 забонаш дар талаби нони якшаба ҷунбон; ғизои даҳрўзааш дар пушту асои дарюзааш30 дар мушт. Қаноат аз ҳирсу тамаъ дур аст ва қонеъ аз ҳариси томеъ31 нуфур.32

 

Қ и т ъ а

Дар ҳар диле, ки иззи қаноат ниҳод пой,
Аз ҳар чӣ буд ҳирсу тамаъро, бибаст даст.
Ҳар ҷо, ки арз кард қаноат матои хеш,
Бозори ҳирсу маъракаи озро шикаст.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …