Главная / Илм / Ҳил дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҳил дар Канзи Шифо (Китоб)

hil-kardamon-2-660x330Ҳил — Ин тухми растании буттагии ҳиндӣ аст, ки хушбӯй мебошад. Инро ба забони русӣ кардамон мегӯянд. Қувваташ ҳангоми дар ғилофаш будан то ду сол боқӣ мемонад, вале агар аз ғилофаш берун кунанд, то як сол қуввати худро нигоҳ медорад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дараҷаи дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, фараҳ мебахшад, меъдаро қавӣ мегардонад, таомро ҳазм мекунад, оруғро ба ҳаракат меоварад ва дарунро мебандад, хусусан бирёнкардаи он барои бастани дарун қавӣ мебошад. Пӯст ва тухмашро кӯфта, батакрор ба дандонҳо бимоланд, милки дандонро мустаҳкам мегардонад, пухтани (ҷӯшиши) даҳанро манъ мекунад.

Мегӯянд, ки хӯрдани ҳил барои рӯдаҳо зарарнок аст. Барои ислоҳи ин зиёнаш катиро бояд бихӯранд. Миқдори як бор хӯрдан аз ҳил дар як рӯз то 9 грамм аст.

hil-kardamon-300x174
Самараи Ҳил

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …