Овардаанд, ки Исо ибни Ибоди Динурӣ (paҳ) мегӯяд, ки: «Фазл ибни Фазли Кандуриро баъд аз вафот ба хоб диданд, пурсиданд, ки:
- Бо ту чӣ карданд?
Гуфт:
- Ҳақ таоло бар ман раҳмат карду маро гиромӣ дошт ва ҳамаи заллоту ҷароими[1] маро афв фармуд. Гуфтанд:
- Ба чӣ чиз?
Гуфт:
- Ба ҷиҳати ин ду ангушт калима.
Гуфтанд:
- Чӣ гуна аст?
Гуфт:
– Аз бисёрии китобати ман «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам», яъне дар ақиби номи мубораки Ҳазрати Рисолат (с) менавиштам».[2]
[1] Ҷароим – ҷурмҳо, гуноҳҳо.
[2] «Маориҷу-и-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 131.