Главная / Биология / Ҳаракати ситоплазма

Ҳаракати ситоплазма

Ба ҳуҷайра дохилшавии моддаҳо: Агар баргчаи растании обӣ – чилбанди обӣ (элодея)-ро, ки бештар дар аквариумҳо (зарфи шишагии махсус сохташуда) парвариш мекунанд, дар зери микроскоп аз назар гузаронем, ҳаракати ситоплазмаро дар ҳуҷайраҳои барги он мушоҳида карда метавонем. Ба мудом амалкунандагии ин ҳаракат нигоҳ накарда, мушоҳидаи он душвор аст. Зеро, ситоплазмаи ҳар кадом ҳуҷайраи чилбанди обиро вакуола ба лифофа ҷафс кардааст. Пластидҳои сабзи ҳуҷайраи барг ҳамроҳи ситоплазма ба қади лифофаи ҳуҷайра ба як самти муайян ҷой иваз мекунанд. Мо фақат тавассути ҷой иваз кардани ин пластидҳои сабзранг ҳаракати ситоплазмаро пай мебарем.

sitoplazmaҲаракати ситоплазмаро инчунин дар ҳуҷайраҳои мӯяки растании хонагӣ традескансия, ки дар асоси барг мавҷуд аст, нағз дидан мумкин аст. Аммо дар ин ҳолат мо ҳаракати ситоплазмаро на аз рӯи ҷой иваз кардани пластидҳои сабз, балки аз рӯи моддаҳои иловагии ғурӯшанок (донача-донача) пай мебарем.

Ҳаракати ситоплазма барои дар ҳуҷайра ҷой иваз кардани моддаҳои ғизоӣ ва ҳаво кӯмак мерасонад.

Одатан ситоплазмаи як ҳуҷайраи зинда аз ситоплазмаи дигар хуҷайраҳои ҳамшафат ҷудо нест. Торҳои ситоплазма аз сӯрохчаҳои хурди лифофаи ҳуҷайра гузашта, хуҷайраҳои ҳамшафатро бо ҳам мепайванданд.

Тамоми узвҳои растанӣ – реша, поя, барг, гул ва мева аз ҳуҷайраҳо иборат буда, ҳар кадом ҳуҷайра дар алоҳидагӣ ҷузъи ниҳоят хурдтарини таркибии растанӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷайраҳо ба ҳамдигар ҷафсанд ва бо моддаи байниҳуҷайравии махсус, ки дар байни лифофаи ҳуҷайраҳои ҳамшафат мавҷуданд, пайваст шудаанд. Агар ин моддаҳои байниҳуҷайравӣ вайрон шаванд, ҳуҷайраҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Чунин ҳодиса дар себи пухта, тарбузу помидори пухта рӯй медиҳад. Картошкаи ҷӯшонида аз он сабаб пошхӯранда аст, ки моддаҳои байниҳуҷайравии он ҳангоми ҷӯшонидан вайрон ва ҳуҷайраҳо аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ҳар кадом ҳуҷайраи зинда нафас мекашад, ғизо мегирад ва як муддати муайян месабзад. Ҳуҷайраҳо моддаҳоеро, ки барои ғизогирӣ ва нафаскашиашон заруранд, тавассути ҳуҷайраҳои ҳамшафаташон ва ҷавфҳои (холигиҳои) байниҳуҷайравӣ мегиранд. Ба растанӣ бошад ин моддаҳо аз ҳаво ва хок дохил мешаванд. Қариб тамоми моддаҳои ҳаётан зарури ҳуҷайра дар намуди маҳлул аз лифофааш мегузаранд.

Барои донистани хосияти лифофаи ҳуҷайра чунин таҷриба мегузаронем. Ба халтачаи полиэтиленӣ маҳлули сери қанд ё намак мерезем. Онро ба найчаи шишагини пӯки сӯрохдор баста, халтачаро ба стакани оби софдошта мегузорем.

Баъд аз гузаштани чанд фурсат хаҷми халтачаи маҳлулдошта зиёд шуда, сатҳаш дар найчаи шишагӣ аз ҳудуди аввалааш то андозаи муайян ба боло мебарояд.

Ин таҷриба шаҳодат медиҳад, ки ба туфайли девори халтачаи полиэтиленӣ оби дар стакан буда ба он дохил мешавад ва сатхи маҳлули обӣ дар найча баланд мешавад.

Ҳамин тавр, об ва маҳлули моддаҳои барои ҳаёти растаниҳо зарур, айнан бо ҳамин роҳ аз лифофаи ҳуҷайра гузашта, ба ситоплазмаи ҳуҷайра дохил мешаванд ва дар фаъолияти ҳаётии ҳуҷайраи растанй истифода мешаванд.

  1. Ҳаракати ситоплазмаро чӣ тавр мушоҳида кардан мумкин аст?
  2. Ҳаракати ситоплазма дар ҳуҷайраҳо барои растанӣ чӣ аҳамият дорад?
  3. Дар растанӣ кадом узвҳо мавҷуданд ва онҳо аз чиҳо иборатанд?
  4. Чаро ҳуҷайраҳое, ки растанӣ аз онҳо иборатанд, аз ҳам ҷудо намешаванд?
  5. Об ва моддаҳои ғизоӣ ба ҳуҷайра чӣ гуна дохил мешаванд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …