Главная / Илм / ГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНҲО

ГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНҲО

glikozaminoglikanhoГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНҲО, полисахаридҳои табиӣ. Г. дар таркиби модаи байниҳуҷайравии қариб ҳама намудҳои бофтаҳои пайвандии одаму ҳайвонот мавҷуд мебошанд. Г. дар пӯст, бофтаи устухон ва тағояк, моеъи зулолӣ, ҷисми шишамонанд ва қарния мушоҳида шудаанд.
Г. дар фаъолияти такягоҳ, нуфузпазирии мембранаҳои ҳуҷайра, «тар» кардани сатҳи бандҳо, ҷараёни сабзишу инкишоф, таҷдиди бофтаҳо, бордоршавӣ ва афзоиш, мубодилаи обу намак дар ҳуҷайраҳо ва ғ. ширкат меварзанд. Дар моддаи байни ҳуҷайраҳои бисёр узвҳо (ҷигар, шуш, дил, рагҳо) гепарин ва дерматансулфат мавҷуд мебошанд, ки садди лахтабандии хун мегарданд. Дар зардоби хуни одами солим миқдори Г. (мукопротеинҳо) 40 – 75 мг/100 мл аст. Ҳангоми тарбод миқдори онҳо дар хун меафзояд. Тағйири миқдори Г. дар хуну пешоб ҳангоми ҳомилагӣ, бемориҳои сироятӣ, таъсири афканишоти ионнок, бемориҳои гурдаю ҷигар, стресс ва ғ. низ ба мушоҳида мерасад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …