Главная / Илм / ГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНХО

ГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНХО

glikozaminoglikanhoГЛИКОЗАМИНОГЛИКАНХО, полисахаридхои табии. Г. дар таркиби модаи байнихучайравии кариб хама намудхои бофтахои пайвандии одаму хайвонот мавчуд мебошанд. Г. дар пуст, бофтаи устухон ва тагояк, моеъи зулоли, чисми шишамонанд ва карния мушохида шудаанд.
Г. дар фаъолияти такягох, нуфузпазирии мембранахои хучайра, «тар» кардани сатхи бандхо, чараёни сабзишу инкишоф, тачдиди бофтахо, бордоршави ва афзоиш, мубодилаи обу намак дар хучайрахо ва г. ширкат меварзанд. Дар моддаи байни хучайрахои бисёр узвхо (чигар, шуш, дил, рагхо) гепарин ва дерматансулфат мавчуд мебошанд, ки садди лахтабандии хун мегарданд. Дар зардоби хуни одами солим микдори Г. (мукопротеинхо) 40 – 75 мг/100 мл аст. Хангоми тарбод микдори онхо дар хун меафзояд. Тагйири микдори Г. дар хуну пешоб хангоми хомилаги, беморихои сирояти, таъсири афканишоти ионнок, беморихои гурдаю чигар, стресс ва г. низ ба мушохида мерасад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …