Главная / Биология / ГЕНОТИП ҲАМЧУН СИСТЕМАИ ТОМ

ГЕНОТИП ҲАМЧУН СИСТЕМАИ ТОМ

Генҳо асоси структурӣ ва функсионалии ҳиссаи ирсиятро ташкил мекунанд. Аз мисолҳои дар боло зикршуда маълум гардид, ки генҳо ҳиссачаи алоҳида буда, ҳар як аз онҳо ягон аломатро муайян мекунад ва ба ҳамдигар вобастагӣ надоранд.

Аз ин лиҳоз, чунин фикр ба миён омаданаш мумкин аст, ки гўё генотип маҷмўи механикӣ (беалоқамандӣ)-и генҳо ва фенотип шакли омехтаи аломатҳои алоҳида бошад. Дар асл чунин нест. Албатта, ҳуҷайраи алоҳида ва организм систе-

маи том (пурра)-ро ташкил карда, дар организм ҳамаи равандҳои биохимиявӣ ва физиологӣ ба ҳам алоқаи зич доранд ва мувофиқанд, зеро ҳамаи ин бо генотип, яъне ба системаи бо ҳам алоқаманди генҳо вобаста аст. Таъсири тарафайн ҳам дар аллелҳои як ген ва ҳам дар генҳои ғайриаллелӣ, ки дар ҷойҳои якхела (локус)-и як хромосома ё хромосомаҳои гуногун воқеъ гаштаанд, ба амал меояд.

Таъсири байниҳамии генҳои аллелӣ

Генҳои аллелӣ нисбати якдигар дар шакли доминантӣ ва ресессивӣ зоҳир мегарданд. Доминант пурра ва нопурра мешавад. Инчунин дар байни генҳои аллелӣ шаклҳои дигари алоқаи тарафайн вомехўранд. Яке аз инҳо ҳодисаи ко-

доминантӣ (ду гени аллелӣ аломатро баробар зоҳир меку нанд) аст, ки дар меросгузории гурўҳи хуни одам, системаи АВО ва МN дида мешавад. Шакли дигари меросгузорӣ аз доминант баланд мебошад. Масалан, дараҷаи баланди зо-

ҳиршавии аломат дар организмҳои гетерозиготӣ намоён мегардад ва ин яке аз сабабҳои зуҳуроти ҳодисаи гетерозис (пурқувватии насли якум) мебошад. Таъсири байниҳамии генҳои ғайриаллелӣ

Бисёр мисолҳо маълуманд, ки як ген бо генҳои дигари ғайриаллелӣ ё ба эҳтимолияти зоҳиршавии худи ген таъсир мекунад. Мисоли таъсири тарафайни ду ҷуфти генҳо – ин меросгузории шакли тоҷи баъзе мурғон мебошад. Дар натиҷаи омезиш (комбинатсия)-и гуногуни ин генҳо чор шакли тоҷ пайдо мешавад (расми 9.6.).

Расми 9.6. Шаклҳои тоҷи хурўсҳо:

А – мукаррарӣ (аавв),

Б – нахўдмонанд (ааВВ ё ааВв),

В – чормағзмонанд (ААВВ ё АаВв),

Г – гулмонанд (ААвв ё Аавв)

Дар нахўди хушбўи гени А синтезкунандаи моддаи пигментӣ беранг аст (пропигмент). Гени В – синтезкунандаи фермент, ки бо ёрии он аз пропигмент пигмент синтез мешавад. Гулҳои нахўди хушбўй генотипи ааВВ ва ААвв-дош-

та, рангашон сафед аст. Дар генотипи якум фермент вуҷуд дорад, аммо моддаи маҳсули пигмент нест. Дар генотипи дуюм маҳсули моддаи пигмент ҳаст, вале фермент нест, ки пигмент синтез шавад, барои ҳамин гулҳои онҳо беранги

сафеданд. Аз дурага кардани ин ду шакли нахўди хушбўйи гулҳояшон сафед, дар растаниҳои (Ғ1) дигетерозиготӣ ҳам маҳсули моддаи пигментӣ (А) ва ҳам фермент (В) маҷуд буда, дар пайдо кардани пигменти гулобӣ иштирок доранд.

Чунин аломати оддии ранги гул дар натиҷаи таъсири тарафайни ҷуфти генҳои ғайриаллелӣ пайдо шуда, маҳсули моддаҳои онҳо якдигарро пурра мегардонанд. Чунин шакли таъсири байниҳамии ҷуфти генҳои ғайриаллелиро таъсири байниҳамии комплемантарӣ ё иловагӣ меноманд. Ба сифати мисоли дигар мо шакли таъсири тарафайни генҳоро дар ранги мўинаи хукбачаҳо дида мебароем, ки инро таъсири байниҳамии эпистазӣ меноманд.

Аз дурага кардани хукбачаҳои сиёҳ ва сафед дар насли якум ранги сафед пайдо мешавад. Агар наслҳои якумро бо ҳам дурага кунем, он гоҳ дар насли дуюм (Ғ2) чунин таносуби фенотипӣ пайдо мешавад: сафедҳо – 12/16, сиёҳҳо – 3/16 ва сурх-

ҳо – 1/16. Ҳамаи хукбачаҳои сафед фақат як гени доминантии пахшкунанда J калон доранд. Наслҳои сиёҳ бошанд, бо гении (ii), ки бо пайдо шудани ранг дахолат намекунанд, гомозиготианд ва гени доминанти Е доранд, ки ранги сиёҳро пайдо мекунад. Хукчаҳои сурх (ee ii) гени доминантӣ надоранд.

Ҳамин тариқ, генҳое, ки бо гени дигари ғайриаллелӣ таъсир мерасонанд, генҳои пахшкунанда (эпистазӣ) ном доранд.

Чунин шакли таъсири байниҳамии генҳои ғайриаллелӣ барои аломатҳои миқдорӣ ҳам хос аст. Бисёр аломату хосияти организмҳо, ба монанди вазн, инкишофи ҳайвонот, тухм мондани мурғ, равғаннокӣ ва миқдори шир, миқдори витаминҳо дар растанӣ ва ғайра ба гурўҳи аломатҳои миқдорӣ дохил мешаванд. Онҳо аз ҷониби генҳои таъсирашон якхела муайян карда мешаванд ва ба як аломат таъсир мерасонад, ки инро ҳодисаи полимерӣ меноманд.

Чӣ қадар дар генотип миқдори генҳои доминантӣ бисёр бошанд, ҳамон қадар зоҳиршавии ин ё он аломат афзун мегардад ва баракс. Ранги сурхи дони гандум бо ду гени А1А2 вобаста аст. Дар айни ҳол генҳои ғайриаллелӣ бо як ҳарф А(а) ишора шудаанд, зеро онҳо инкишофи як аломатро назорат мекунанд.

Дар генотипи А1А1А2А2 ранги дони гандуми сурх аз ҳама баланданд, вале дар генотипи а1а1 а2а2 ранги донҳо сафеданд.

Вобаста ба миқдори генҳои доминантӣ дар генотип шаклҳои гуногуни рангро аз сурхи баланд (дар шакли гузашт) тосафед пайдо кардан мумкин аст (расми 9.7).

Миқдори пигменти ранги пўсти одам ҳам ба миқдори генҳои ғайриаллелии таъсирашон якхела вобаста аст. Таъсири байниҳамии меросгузори бисёр аломатҳои муҳими ҳайвонот ва растаниҳо, масалан, миқдори қанди бехмева, да-

розии хўшаҳо, дарозии сўтаҳои ҷуворимакка, наслдиҳии ҳайвонҳо ва ғайра бо ҳамин роҳ мегузаранд. Ҳамин тавр, бисёр аломатҳо бо роҳи таъсири тарафайни чанд ҷуфти аломатҳо, яъне полимерии якхела инкишоф меёбанд. Баъзан ҳолатҳое вомехўранд, ки як ген метавонад чанд аломат ва хосиятҳои организмро назорат кунад.

Ин ҳодисаро плейотропӣ (аз юнонии pleion – сермиқдор ва tropos – тараф) меноманд. Масалан, дар одам гене мавҷуд аст, ки якбора ҳам нуқсони нохунҳо ва ҳам косачаи зонуро назорат мекунад. Дар мушҳо бошад, гени мутантӣ аст, ки зери таъсири онҳо устухонҳо пурра инкишоф намеёбанд.

Асоси таъсири генҳои плейотропиро зоҳиршавии генҳо дар аввал (онтогенез)-и инкишофи индивидуалӣ ташкил мекунад. Ҳамин тариқ, ген мафҳуми шартӣ буда, муайянкунандаи қисми аломатҳост, зеро таъсири ҳар ген бо гени дигар, аниқтараш ба муҳити генотип вобаста аст.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Кадом аломатҳои нахўди омўхтаи Г.Мендел бо роҳи доминантӣ ба мерос мегузаранд?
  2. Мисолҳое оред, ки таъсири ген бо зоҳиршавии таъсири генҳои аллелии дигар алоқаманд бошанд.
  3. Таъсири байниҳамии генҳое, ки дар сераллелизм дохил мешавад, чӣ гуна аст?
  4. Шаклҳои таъсири байниҳамии генҳои ғайриаллелиро шарҳ диҳед.

Истилоҳот:

  1. Эпистазӣ – ҳодисае, ки як ген имкон намедиҳад, ки дигар гени ғайриаллелӣ ба кор дарояд.
  2. Полимерӣ – ҳамроҳ таъсир кардани якчанд ҷуфти генҳои аллелӣ, ки як аломатро муайян мекунанд.
  3. Плейотропӣ – таъсири як ген, ки чанд аломатро назорат мекунад.
  4. Комплементарӣ – илова шудани як ген бо зоҳиршавии аломатҳои гени дигари ғайриаллелӣ.
  5. Кодоминантӣ – ҳодисаи якҷоягӣ ва пурра зоҳиршавии ду аллели ген дар ҳолати гетерозиготӣ.
  6. Доминанти нопурра – шакли таъсири байниҳамии генҳои аллелӣ, ки гени доминантӣ гени ресессивиро пурра пахш намекунад.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …