Главная / Биология / ГЕНОТИП ХАМЧУН СИСТЕМАИ ТОМ

ГЕНОТИП ХАМЧУН СИСТЕМАИ ТОМ

Генхо асоси структури ва функсионалии хиссаи ирсиятро ташкил мекунанд. Аз мисолхои дар боло зикршуда маълум гардид, ки генхо хиссачаи алохида буда, хар як аз онхо ягон аломатро муайян мекунад ва ба хамдигар вобастаги надоранд.

Аз ин лихоз, чунин фикр ба миён омаданаш мумкин аст, ки гуё генотип мачмуи механики (беалокаманди)-и генхо ва фенотип шакли омехтаи аломатхои алохида бошад. Дар асл чунин нест. Албатта, хучайраи алохида ва организм систе-

маи том (пурра)-ро ташкил карда, дар организм хамаи равандхои биохимияви ва физиологи ба хам алокаи зич доранд ва мувофиканд, зеро хамаи ин бо генотип, яъне ба системаи бо хам алокаманди генхо вобаста аст. Таъсири тарафайн хам дар аллелхои як ген ва хам дар генхои гайриаллели, ки дар чойхои якхела (локус)-и як хромосома ё хромосомахои гуногун вокеъ гаштаанд, ба амал меояд.

Таъсири байнихамии генхои аллели

Генхои аллели нисбати якдигар дар шакли доминанти ва ресессиви зохир мегарданд. Доминант пурра ва нопурра мешавад. Инчунин дар байни генхои аллели шаклхои дигари алокаи тарафайн вомехуранд. Яке аз инхо ходисаи ко-

доминанти (ду гени аллели аломатро баробар зохир меку нанд) аст, ки дар меросгузории гурухи хуни одам, системаи АВО ва МN дида мешавад. Шакли дигари меросгузори аз доминант баланд мебошад. Масалан, дарачаи баланди зо-

хиршавии аломат дар организмхои гетерозиготи намоён мегардад ва ин яке аз сабабхои зухуроти ходисаи гетерозис (пуркувватии насли якум) мебошад. Таъсири байнихамии генхои гайриаллели

Бисёр мисолхо маълуманд, ки як ген бо генхои дигари гайриаллели ё ба эхтимолияти зохиршавии худи ген таъсир мекунад. Мисоли таъсири тарафайни ду чуфти генхо – ин меросгузории шакли точи баъзе мургон мебошад. Дар натичаи омезиш (комбинатсия)-и гуногуни ин генхо чор шакли точ пайдо мешавад (расми 9.6.).

Расми 9.6. Шаклхои точи хурусхо:

А – мукаррари (аавв),

Б – нахудмонанд (ааВВ ё ааВв),

В – чормагзмонанд (ААВВ ё АаВв),

Г – гулмонанд (ААвв ё Аавв)

Дар нахуди хушбуи гени А синтезкунандаи моддаи пигменти беранг аст (пропигмент). Гени В – синтезкунандаи фермент, ки бо ёрии он аз пропигмент пигмент синтез мешавад. Гулхои нахуди хушбуй генотипи ааВВ ва ААвв-дош-

та, рангашон сафед аст. Дар генотипи якум фермент вучуд дорад, аммо моддаи махсули пигмент нест. Дар генотипи дуюм махсули моддаи пигмент хаст, вале фермент нест, ки пигмент синтез шавад, барои хамин гулхои онхо беранги

сафеданд. Аз дурага кардани ин ду шакли нахуди хушбуйи гулхояшон сафед, дар растанихои (Г1) дигетерозиготи хам махсули моддаи пигменти (А) ва хам фермент (В) мачуд буда, дар пайдо кардани пигменти гулоби иштирок доранд.

Чунин аломати оддии ранги гул дар натичаи таъсири тарафайни чуфти генхои гайриаллели пайдо шуда, махсули моддахои онхо якдигарро пурра мегардонанд. Чунин шакли таъсири байнихамии чуфти генхои гайриаллелиро таъсири байнихамии комплемантари ё иловаги меноманд. Ба сифати мисоли дигар мо шакли таъсири тарафайни генхоро дар ранги муинаи хукбачахо дида мебароем, ки инро таъсири байнихамии эпистази меноманд.

Аз дурага кардани хукбачахои сиёх ва сафед дар насли якум ранги сафед пайдо мешавад. Агар наслхои якумро бо хам дурага кунем, он гох дар насли дуюм (Г2) чунин таносуби фенотипи пайдо мешавад: сафедхо – 12/16, сиёххо – 3/16 ва сурх-

хо – 1/16. Хамаи хукбачахои сафед факат як гени доминантии пахшкунанда J калон доранд. Наслхои сиёх бошанд, бо гении (ii), ки бо пайдо шудани ранг дахолат намекунанд, гомозиготианд ва гени доминанти Е доранд, ки ранги сиёхро пайдо мекунад. Хукчахои сурх (ee ii) гени доминанти надоранд.

Хамин тарик, генхое, ки бо гени дигари гайриаллели таъсир мерасонанд, генхои пахшкунанда (эпистази) ном доранд.

Чунин шакли таъсири байнихамии генхои гайриаллели барои аломатхои микдори хам хос аст. Бисёр аломату хосияти организмхо, ба монанди вазн, инкишофи хайвонот, тухм мондани мург, равганноки ва микдори шир, микдори витаминхо дар растани ва гайра ба гурухи аломатхои микдори дохил мешаванд. Онхо аз чониби генхои таъсирашон якхела муайян карда мешаванд ва ба як аломат таъсир мерасонад, ки инро ходисаи полимери меноманд.

Чи кадар дар генотип микдори генхои доминанти бисёр бошанд, хамон кадар зохиршавии ин ё он аломат афзун мегардад ва баракс. Ранги сурхи дони гандум бо ду гени А1А2 вобаста аст. Дар айни хол генхои гайриаллели бо як харф А(а) ишора шудаанд, зеро онхо инкишофи як аломатро назорат мекунанд.

Дар генотипи А1А1А2А2 ранги дони гандуми сурх аз хама баланданд, вале дар генотипи а1а1 а2а2 ранги донхо сафеданд.

Вобаста ба микдори генхои доминанти дар генотип шаклхои гуногуни рангро аз сурхи баланд (дар шакли гузашт) тосафед пайдо кардан мумкин аст (расми 9.7).

Микдори пигменти ранги пусти одам хам ба микдори генхои гайриаллелии таъсирашон якхела вобаста аст. Таъсири байнихамии меросгузори бисёр аломатхои мухими хайвонот ва растанихо, масалан, микдори канди бехмева, да-

розии хушахо, дарозии сутахои чуворимакка, наслдихии хайвонхо ва гайра бо хамин рох мегузаранд. Хамин тавр, бисёр аломатхо бо рохи таъсири тарафайни чанд чуфти аломатхо, яъне полимерии якхела инкишоф меёбанд. Баъзан холатхое вомехуранд, ки як ген метавонад чанд аломат ва хосиятхои организмро назорат кунад.

Ин ходисаро плейотропи (аз юнонии pleion – сермикдор ва tropos – тараф) меноманд. Масалан, дар одам гене мавчуд аст, ки якбора хам нуксони нохунхо ва хам косачаи зонуро назорат мекунад. Дар мушхо бошад, гени мутанти аст, ки зери таъсири онхо устухонхо пурра инкишоф намеёбанд.

Асоси таъсири генхои плейотропиро зохиршавии генхо дар аввал (онтогенез)-и инкишофи индивидуали ташкил мекунад. Хамин тарик, ген мафхуми шарти буда, муайянкунандаи кисми аломатхост, зеро таъсири хар ген бо гени дигар, аниктараш ба мухити генотип вобаста аст.

Саволхо барои санчиш:

  1. Кадом аломатхои нахуди омухтаи Г.Мендел бо рохи доминанти ба мерос мегузаранд?
  2. Мисолхое оред, ки таъсири ген бо зохиршавии таъсири генхои аллелии дигар алокаманд бошанд.
  3. Таъсири байнихамии генхое, ки дар сераллелизм дохил мешавад, чи гуна аст?
  4. Шаклхои таъсири байнихамии генхои гайриаллелиро шарх дихед.

Истилохот:

  1. Эпистази – ходисае, ки як ген имкон намедихад, ки дигар гени гайриаллели ба кор дарояд.
  2. Полимери – хамрох таъсир кардани якчанд чуфти генхои аллели, ки як аломатро муайян мекунанд.
  3. Плейотропи – таъсири як ген, ки чанд аломатро назорат мекунад.
  4. Комплементари – илова шудани як ген бо зохиршавии аломатхои гени дигари гайриаллели.
  5. Кодоминанти – ходисаи якчояги ва пурра зохиршавии ду аллели ген дар холати гетерозиготи.
  6. Доминанти нопурра – шакли таъсири байнихамии генхои аллели, ки гени доминанти гени ресессивиро пурра пахш намекунад.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …