Главная / Илм / ГЕМАНГИОМА

ГЕМАНГИОМА

haemangiomaГЕМАНГИОМА (аз гемо…, angeion – раг ва …ома – омос), омоси ғайрисаратонӣ, ки бинобар нуқси инкишоф дар рагҳои хунгард падид меояд.
Г. метавонад дар луобпардаҳо, мас., ҷавфи даҳон, ҷигар ва ғ. пайдо шавад, вале дар бештарин мавридҳо он дар пӯст, хусусан пӯсти рӯй ва гардан ҷой мегирад. Г. бисёр вақт дар кӯдакони навзод ба мушоҳида мерасад; бо мурури сабзиши кӯдак он хеле калон мешавад. Хусусан Г.-ҳои капиллярӣ ва кавернозӣ бештар дучор меоянд. Г.-и капиллярӣ мисли доғи арғувонӣ буда, Г.-и кавернозӣ гиреҳшакли нарм ва олуболуранг аст.
Г. бештар бидуни ягон аломат пайдо мешавад. Гоҳо он калон шуда, узвро нуқсдор месозад. Тарзи муолиҷаи Г. гуногун аст, мас., криохирургия, тазриқи доруҳои махсус, диатермокоагулятсия, шуоъшифоӣ ва ғ. Онро бо роҳи ҷарроҳӣ низ табобат мекунанд. Ниг. низ Омос.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …