Главная / Маданият ва санъат / ҒАЗАЛҲОИ САЙИДОИ НАСАФӢ

ҒАЗАЛҲОИ САЙИДОИ НАСАФӢ

saydoi-nasafi-gazalМурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд,
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд.
Аз фиребу аҳдҳои ӯ шудам розӣ ба марг,
Шаб, ҳама шаб дасту теғи қотилам омад ба ёд.
Дар талоши баҳр чун гирдоб саргардон шудам,
Ҳасрати лабҳои хушки соҳилам омад ба ёд.
Сар назад аз киштзори умри ман ғайр аз сипанд.
Сӯхтам, чун мазраи беҳосилам омад ба ёд.
Сайидо, дидам ба хок афтода барги лоларо,
Теғи ноҳақхӯрда сайди бисмилам омад ба ёд.

Фалақ ба қомати пири хамида мемонад,
Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад.
Ниҳоли гул ба назар найзаест хунолуд,
Ба боғ сарв ба тири хазина мемонад.
Кадом сайд кушодаст синаро чу ҳадаф,
Ки абрӯяш ба камони кашида мемонад.
Зи ҷӯши лолаву гул боғ шуд чунон гулгун,
Ки барги ток ба дасти бурида мемонад.
Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хӯрданд,
Сари сипеҳр ба нори макида мемонад…
Замона оби тароват зи ҷӯйи гулшан бурд,
Замини боғ ба ҷайби дарида мемонад.
Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор,
Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.
Макун насиҳати дунё ба мардум, эй воиз,
Ки ин сухан ба ҳадиси шунида мемонад.
Дилам зи ёди қафас, Сайидо, малул шавад,
Ба мурғи хонаи сайёддида мемонад.

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,
Теғи бедоди ту аз фарқи аҷал об хӯрад.
Аз ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,
Варна Рустам ба чӣ боис сари Сӯҳроб хӯрад?
Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,
Войи он кас, ки ҳама умр майи ноб хӯрад.
Хар ки бо душмании халқ равонаст чу баҳр,
Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чӣ рӯст?
Мӯй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хӯрад.

Соқӣ, бидеҳ он май, ки зи дил шур барояд,
Мастона табассум зи лаби ҳур барояд.
Чандон зи пайи донаи холи ту давидам,
Акнун нафасам чун нафаси мӯр барояд.
Оҳ аз ҷигарам аз ҳаваси он лаби ширин,
Пур обила чун хушаи ангур барояд.
Дар базми ту, то рӯз шудан, дар табу тобам,
Оташ зи кабоби мани маҳҷур барояд…
Шириндаҳанон нисбати худ бо ту расонанд,
Сад хӯша зи як донан ангур барояд.
Дур аз қади ту сарв шавад пойшикаста,
Бе рӯйи ту наргиз зи чаман кӯр барояд…
Нӯше, ки ҳавас мекунӣ аз суфраи золим.
Нешест, ки аз хонан занбӯр барояд.
Дар орзуи шамъи ту фосуни хаёлам,
Аз равзанаи хонаи ман нур барояд…

Дидаи чарх ба золим нигарон хоҳад буд,
Тирро гӯшаи абрӯ зи камон хоҳад буд.
Қисмати беҳудагӯ дар ҳама ҷо рӯзравост,
Аз сафар суди ҷарас оҳу фиғон хоҳад буд.
Моли ғоратзада аз ҳокими деҳ бояд ҷуст,
Гургро нест гунаҳ ҷурми шубон хоҳад буд.
Соғару шиша зи меҳмонии ғам сер шуданд,
Хонаи аҳли карам аз дигарон хоҳад буд…
Ботину зоҳири ушшоқ чу гул якранг аст,
Ҳар чӣ бошад ба дили мо ба забон хоҳад буд,
Қасри давлат, ки ба ӯ халқ биное доранд,
Чун хубобест, ки бар об равон хоҳад буд…
Ҳар кӣ чун ғунчаи гул киса пур аз зар дорад,
Тугмаи тоҷи сари аҳли ҷаҳон хоҳад буд.
Риштаи то гашт мурассаъ зи гуҳар донистам,
Чарх дар тарбияти беҳунарон хоҳад буд.
Нашаванд аҳли тамаъ дур зи атрофи танӯр,
Ба умеде, ки дару сурати нон хоҳад буд,
Сайидо, даҳр ба навкиса накӯ пардозад,
Майли пирон ба муридон ба ҷавон хоҳад буд.

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳди ҳунар намонд,
Имрӯз обрӯй ба лаълу гуҳар намонд.
Парвона рафт, нашъа париду қадаҳ шикаст,
Аз шамъ ёдгор ба ҷуз чашми тар намонд.
Аз ҳеҷ хонае набаромад садои ҷуд,
Дар рӯзгори мо зи каримон асар намонд.
Раҳме ба сокинони гулистон кӣ мекунад?
Эй боғбон, ба мурғи чаман болу пар намонд.
Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,
Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.
Нагрифт хуни ноҳақи парвона шамъро,
Файзе ба гиряи шабу оҳи саҳар намонд.
Рафтанд, Сайидо, ба сад афсӯс аҳли ҷоҳ,
Бар сар аз ин кулоҳ ба ҷуз дарди сар намонд.

Хум тиҳӣ шуд аз маю даври қадаҳ аз по фитод,
Базм охир гашту тоқӣ аз сари мино фитод.
Беадаб худро ба андак фурсате созад ҳалоқ,
Бесутун аз ҷо нарафту кӯҳкан аз по фитод.
Мурғи дилро дар каманд оварду гирди дил нагашт,
Оҳ аз он сайде, ки бар сайёди бепарво фитод.
Қарздор аз шаҳр бигрезад зи дасти карзхоҳ,
Лола доғ аз синаи ман буду дар саҳро фитод.
Рафт Ҳотам аз ҷаҳону ҷонишини ӯ намонд,
Хум ба сар ғалтиду дар дунболи ӯ мино фитод.
Сайидо, чун сарв сабзам дар баҳору дар хазон,
Бар сарам чун соя то шохи гули раъно фитод.

Дар гулистон бе ту ашк аз чашми булбул мечакад,
Рангубӯ мегардаду об аз рухи гул мечакад.
Мурғи дилро куштаӣ имрӯз пинҳон кардаӣ,
Хуни ин сайд аз дами теғи тағофул мечакад.
Зулфи мартуби кӣ имшаб дода обат, эй санам?
Шабнами ошуфтагӣ аз шохи сунбул мечакад…
Аз даҳони хома ҳар шаб, Сайидо, оби сиёҳ
То сахар дар ҳасрати он зулфу кокул мечакад.

Аз дили дунёпарастон завқи суҳбат бурдаанд,
Рушноӣ аз чароғи аҳли давлат бурдаанд.
Нест дар олам асар аз файзи олиҳимматон,
Аз ҳаво гармиву аз оташ ҳарорат бурдаанд.
Чашми ёрӣ бастаанд, аз кори якдигар хавос,
Рӯзгоре шуд, ки аз хешон мурувват бурдаанд.
Карда то пойи тамаъ озодагонро беқарор,
Аз ниҳоли сарв бори истиқомат бурдаанд.
Бар гул обурангу бар булбул намебинам намак,
Аз асирон шӯру аз хубон малоҳат бурдаанд.
Кай бувад дур аз Ватан ҷое мусофирро қарор,
Дар чаман аз чашми шабнам хоби роҳат бурдаанд.
Бар давоти ғайри аҳли фикр хун гиряд қалам,
Ҷониби зиндон азизонро ба туҳмат бурдаанд.
Карда қумрӣ сарвро дар хона пинҳон чун сутун,
Дар чаман то номи он шамшодқомат бурдаанд.
Он бути наққош то аз хонаи ман рафтааст,
Бистари осоиш аз паҳлуи сурат бурдаанд.
Нест ороме даруни сина дилро, Сайидо,
Лаззати осудагӣ аз кунҷи узлат бурдаанд.

Кӯҳро афғонам оташ дар ҷигар меафганад,
Баҳрро ашкам ба гирдоби хатар меафганад.
Ҷуди найсонро чи бошад обрӯ пеши садаф,
Дар иваз ҳар қатраи ӯро гуҳар меафганад.
Дилрабоён мекунанд аз якдигар касби ҳунар,
Гул зи тифлӣ ғунчаро дар фикри зар меафганад,
Гӯшаи майхона эй зоҳид ба чашми кам мабин,
Ҳар кӣ он ҷо по ниҳад, уро ба сар меафганад…
Сайидо, гар аз лабаш гӯям ҳадисе дар чаман
Ғунча аз гул пеши рӯйи худ сипар меафганад.

Зи рашки кулбаи ман каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшиву мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардиву парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтодаст?
Май аз хум то барояд, шишаву майхона месӯзад.
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфу шона месӯзад.
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,
Ба ҳолам ошно мегиряду бегона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе ки афрӯзам
Ба гулшан булбулу дар анҷуман парвона месӯзад.

Кабобам карда бепарвохироме, чашми майнӯше,
Қаландармашрабе, як шаҳр ошӯб хонабардӯше,
Мурассаъостин, гулдаргиребон, нозукандоме,
Мунаққашҷомае, зарринкамарбанде, кӯлаҳпӯше,
Сияҳ бе сурма мижгоне, лаби бебода рангине,
Нигаҳ хомӯшгӯёе, забонгӯёи хомӯше,
Мусофирпарваре,ороми ҷоне, соҳибидроке,
Сафарнокарда мардумдидае, савдогари хуше.
Нигоҳе васлпайғоме, ба лаб имои дашноме,
Гаҳе гармошночашме, гаҳе ошиқфаромӯше.
Чаман машшотаи банди қабо, сунбулҳаводоре,
Гулираънокафипое, кади кокулрибодӯше.
Ба худ мағрур ҷаллоде, назар бе дом сайёде,
Баноҳақ теғзандасте, насиҳат ношунавгӯше,
Чу фикри Сайидо шӯхе, чу тутӣ нармгуфторе,
Забон фаввораи шаҳде, даҳон сарчашмаи нӯше.

То ту рафтӣ анҷуман гардид мотамхонае,
Шамъ афтодаст ҳамчун мурдаи парвонае.
Рафтию базми маро яксар парешон сохтӣ,
Не суроҳӣ пеши соқӣ, ҷобаҷо паймонае.
Омадам чун Офтоб аз дасти танҳоӣ ба ҷон,
Рӯзгоре шуд намеёбам ба худ ҳамҳонае.
Ҷӯши савдои ту ҳар дам мезанад сангам ба сар,
Меравам дар кӯчаҳо монандаи девонае.
Ҷустуҷуят мекунам аз худ намеёбам хабар,
Гоҳ аз ҳамсуҳбатону гоҳ аз бегонае.
Устухонам тӯтиё хоҳад шуд аз ҷаври фалақ.
Дар гулӯи осиё афтодаам чун донае.
Сайидо, аз хонаам то он парирӯ рафтааст,
Кушта шамъи кулбаам девонаи парвонае.

Инчунин кобед

libosi-zebo

Маълумот дар бораи либос

Дар зиндагии рӯзмарраи одамон либос низ чун хӯрокворӣ ва манзил нақши бузург мебозад. Либос гуфта …