Главная / Маданият ва санъат / ГАВҲАР – КИНО (ФИЛМ)

ГАВҲАР – КИНО (ФИЛМ)

Режиссёри тоҷик Собир Собиров дар ҳамкорӣ бо филмсозони ӯзбек ба сабти филми бадеии «Гавҳар», ки аз рӯзгори чилдухтарони Самарқанд ҳикоят мекунад, оғоз кард. «Гавҳар» филме хоҳад буд, ки баъди сӣ соли ҷудоӣ кинематографистони ӯзбеку тоҷикро ба ҳам меорад. -«Гавҳар» ягона филме нест, ки бо филмсозони ӯзбек мо ба навор мегирем.

Дар асл мо сабти ду филмро дар нақша дорем. Ин лоиҳаи мо баъди хуб шудани муносибатҳои ду кишвар роҳандозӣ шуд ва барои боз ҳам беҳтар шудани ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад. Зеро дар гузашта мо – тоҷикон ва ӯзбекон дар кино ҳамкориҳои самарабахш ва таърихи муштарак дорем, – мегӯяд Собир Собиров. Мавриди ёдоварист, ки маблағгузори ин лоиҳаҳо директори генералии Ширкати «Vendo» Хайрулло Мамасолиев аст.

Ин ширкат дар Самарқанд ва умуман Ӯзбекистон лоиҳаҳои калони фарҳангиро дар сатҳи баланд баргузор кардааст. Дар мавриди филми бадеии «Гавҳар» бо Собир Собиров ҳамсуҳбат шудем: -«Гавҳар» филми бадеии калонметраж буда, аз рӯзгори чилдухтарони Самарқанд ҳикоят мекунад, чилдухтарони ҷасури суғдиён, ки Афросиёбро ҳимоя мекарданд. Филми мазкур бо истифода аз техникаҳои мухталиф ба навор гирифта мешавад. Чун ман дастпарвари мактаби кинои советӣ ҳастам, мо филмро на дар монтаж, балки дар майдони сабт омода мекунам.

Бинобар, ин қариб як соли аввал мо барои сабт омодагӣ мебинем. Айни замон мо ба интихоби духтарон машғулем ва баъди ин ба онҳо машқ мекунем, то аспсаворӣ, истифодаи силоҳ ва давидану ҷаҳиданро омӯзанд. Дар қиссаи чилдухтарони Самарқанд як чеҳраи барҷаста ҳаст, ки Гавҳар ном дорад. Ин зан хеле ҷасур аст ва то лаҳзаи охирин бо душман меҷангад. Дар филм як эпизоди ҷолибе хоҳад буд: вақте Гавҳар бо душман меҷангад, дар охир тоскулоҳ аз сараш меафтад ва рақибаш мебинад, ки ӯ то ин вақт бо зан муҳориба мекардааст.

Ӯ ба матонати Гавҳар қоил шуда, ба наздаш меояд ва дасташро бӯсида, ба шаҳр намедарояд. Баъди ин Гавҳар ҷон медиҳад. Ман бо ин филм мехоҳам нишон диҳам, ки дар гузашта занони миллати мо ҷасур буданд ва ҳатто ба даст шамшер гирифта, муқобили душманон меҷангиданд.» Филми дувуме, ки ин режиссёри тоҷик сабт мекунад, ҳаҷвӣ аст ва аз рӯзгори чор ҷавони самарқандӣ қисса мекунад. Яке аз он ҷавонҳо ба духтари тоҷикистонӣ дил мебандад. «Зимни тамрину омодагӣ ба филми бадеии «Гавҳар» мо филми дувумро ба навор мегирем.

Айни замон дар бораи сужети ин филм чизе намегӯям, дар охир достони ишқи як ӯзбекистонӣ ва як тоҷикистонӣ чӣ мешавад, тамошобин хоҳад дид»,- мегӯяд Собир Собиров. Собир Собиров фарзанди режиссёри маъруфи синамои тоҷик Тоҳир Собиров мебошад. Ӯ худ дар Самарқанд зода шуда, хатмкардаи ВГИК – Институти кинематографияи Маскав аст. Қаблан ӯ дар мавриди чандин навъи варзиш филмҳои ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтааст. Ҳамчунин сабти даҳҳо клипи ҷолиб маҳсули эҷодиёти ӯ ҳастанд. Ду филми бадеие, ки сабташон дар ҳамкорӣ бо киносозони ӯзбек оғоз шудаанд, дебюти Собир Собиров дар филми бадеӣ хоҳад буд.

О. СОҲИБЗОДА

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …