Главная / Илм / ДУМБАЛ

ДУМБАЛ

mycobacterium-abscessusДУМБАЛ (Abscessus), думмал, абссесс, илтиҳоби фасодноки бофта ва узвҳо. Д. баъди ба организм ба воситаи пӯсти иллатӣ ё луобпардаҳо дохил шудани микробҳои фасодовар (стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғ.) ва ё аз манбаи газаки римноки организм ба бофтаҳои ҳамшафат ё узвҳои дур (мағзи сар, ҷигар, шуш ва ғ.) тавассути рагҳои лимфа ва хунгузар паҳн шудани микробҳо ташаккул меёбад.
Микроб дар бофтаҳо газаки римнокро ба вуҷуд меорад. Аз ин сабаб онҳо ҳал гашта, ковокии римнок ҳосил мешавад. Дар натиҷаи реаксияи муҳофизатии организм дар атрофи ковокии римнок пардачаи тунуке пайдо мешавад, ки он римхонаро аз бофтаҳои солим ҷудо мекунад. Ҳангоми Д.-и шадид аз фишори баланди рими ковокӣ римхона кафида фасод ба рӯи пӯст ё ҷавфи ягон узв (рӯда, меъда, бронхҳо ва ғ.) мебарояд (ин боиси шифо ёфтан мегардад). Баъди кафидани римхона илтиҳоб густариш ёфта, дабила (флегмона)ва ҳатто уфунат низ пайдо шуданаш мумкин аст. Агар римхона кафида фасод ба қафаси сина ё шикам дохил шавад, мумкин перитонит ё плеврит (газаки шушпарда) ба вуҷуд ояд. Бинобар ин, ҳангоми пайдо шудани Д. (дар пӯст ё узв) онро чок карда, аз фасод холӣ мекунанд.
Ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя карда, инкишофи Д.-ро пешгирӣ намудан мумкин аст. Ҳангоми иллати пӯст ва пардаҳои луобӣ (буридан, харошидан ва ғ.) ба ҷои захм маҳлулҳои гандзудо (йод ва ғ.) молидан ҳатмист.
Дар вақти газаки узвҳои дохилӣ тавсияи духтурро бояд қатъӣ иҷро кард. Дар ҳолати сурх шудан ва варам кардани ҷои захм, албатта, ба духтур муроҷиат кунед. Ба ҷои варам худсарона гузоштани гармкунак, ях, компресс хавфнок мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …