Главная / Илм / ДУМБАЛ

ДУМБАЛ

mycobacterium-abscessusДУМБАЛ (Abscessus), думмал, абссесс, илтихоби фасодноки бофта ва узвхо. Д. баъди ба организм ба воситаи пусти иллати ё луобпардахо дохил шудани микробхои фасодовар (стафилококкхо, стрептококкхо ва г.) ва ё аз манбаи газаки римноки организм ба бофтахои хамшафат ё узвхои дур (магзи сар, чигар, шуш ва г.) тавассути рагхои лимфа ва хунгузар пахн шудани микробхо ташаккул меёбад.
Микроб дар бофтахо газаки римнокро ба вучуд меорад. Аз ин сабаб онхо хал гашта, ковокии римнок хосил мешавад. Дар натичаи реаксияи мухофизатии организм дар атрофи ковокии римнок пардачаи тунуке пайдо мешавад, ки он римхонаро аз бофтахои солим чудо мекунад. Хангоми Д.-и шадид аз фишори баланди рими ковоки римхона кафида фасод ба руи пуст ё чавфи ягон узв (руда, меъда, бронххо ва г.) мебарояд (ин боиси шифо ёфтан мегардад). Баъди кафидани римхона илтихоб густариш ёфта, дабила (флегмона)ва хатто уфунат низ пайдо шуданаш мумкин аст. Агар римхона кафида фасод ба кафаси сина ё шикам дохил шавад, мумкин перитонит ё плеврит (газаки шушпарда) ба вучуд ояд. Бинобар ин, хангоми пайдо шудани Д. (дар пуст ё узв) онро чок карда, аз фасод холи мекунанд.
Ба коидахои гигиенаи шахси риоя карда, инкишофи Д.-ро пешгири намудан мумкин аст. Хангоми иллати пуст ва пардахои луоби (буридан, харошидан ва г.) ба чои захм махлулхои гандзудо (йод ва г.) молидан хатмист.
Дар вакти газаки узвхои дохили тавсияи духтурро бояд катъи ичро кард. Дар холати сурх шудан ва варам кардани чои захм, албатта, ба духтур мурочиат кунед. Ба чои варам худсарона гузоштани гармкунак, ях, компресс хавфнок мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …