Главная / Илм / ДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБӯРУҒӣ

ДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБӯРУҒӣ

nistatinДОРУҲОИ ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ ЗАНБӯРУҒӣ, моддаҳое, ки дар табобати бемориҳои занбӯруғӣ истифода мешаванд. Онҳо ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) доруҳое, ки дар табобати занбӯруғи луобпардаҳо (кандидомикозҳо) ба кор мераванд (нистатин, леворин, лекамин ва ғ.); 2) доруҳое, ки дар муолиҷаи занбӯруғи пӯст, нохун, мӯй (дерматомикозҳо – эпидермофития, трихофития, микроспория) истифода мегарданд; инҳо ба ду гурӯҳ – доруҳои таъсирашон умумӣ (антибиотики гризеофулвин) ва доруҳои таъсирашон ҷузъӣ (амиказол, йод, ундесин, синкундан, пайвастҳои кислотаи ундесилен, сулфур, рангҳои генсианвиолет ва фуксин) ҷудо мешаванд; 3) доруҳое, ки дар муолиҷаи бемориҳои занбӯруғии узвҳои дарунӣ (гистоплазмоз, бластомикоз, криптоккоз ва диг.) ба кор мераванд (Д.-ҳои сулфаниламидӣ ва амфотерипин В).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …