Главная / Илм / ДОРУ

ДОРУ

doruДОРУ (Medicamentum), моддаҳое, ки барои муолиҷа ё пешгирии бемориҳо истифода мешаванд. То а. 19 ба сифати дору маводи наботӣ, маъданӣ ва ҳайвонӣ истифода мешуд. Баробари тараққиёти илми химия аз чунин мавод моддаҳои алоҳидаро ҷудо мекардагӣ шуданд. Сохти химиявии бисёр доруҳо муайян гардид, усулҳои тайёр кардани онҳо ба роҳ монда шуд. Дар асоси омӯзиши алоқаи байни сохти химиявию фаъолияти фармакологии Д.-ҳо аналог ва гомологҳои алкалоидҳо, гормонҳо ва диг. моддаҳои табиӣ ҳосил карда шуданд. Муайян намудани механизми таъсири Д. имконият дод, ки маводи нави давоии таъсирбахшу камзарар тадқиқ карда шаванд. То имрӯз зиёда аз 700 ҳаз. хели моддаҳои доруӣ маълум буда, тақр. 30 ҳаз. онҳо истифода мешаванд. Дар асарҳои тиббии олимони қадим низ зиёда аз ҳазор номгӯй Д. (мас., дар «Ал-Қонун фи – т-тиб»-и Ибни Сино 811 ва «Китобу-с-Сайдана»-и Берунӣ 1116 манбаъҳои доруӣ) зикр ёфтаанд.
Дар «Дастуру-т-тиб»-и Закариёи Розӣ, «Ҳидояту-л-мутааллимин фӣ-тиб»-и Абубакри Бухороӣ, «Ал-абния ан ҳақоиқи-л-адвия»-и Алии Ҳиравӣ, «Захираи хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ ва даҳҳо асарҳои дигари тиббии қадимаи форс-тоҷик низ оид ба тарзи таъсир ва эътимоднокии садҳо Д.-ҳои наботӣ, маъданӣ ва ҳайвонӣ маълумоти мукаммал дода шудааст.
Таъсири Д.-ҳо мувофиқи принсипи тибби қадимаи Шарқ дар асоси назарияи мизоҷ ба 4 навъ – гармиовар (ҳорр, гарм), тариовар (рабт, тар), хунукиовар (борид, хунук), хушкиовар (ёбис, хушк) тақсим гардидааст. Механизми таъсири Д.-ҳоро ба қобилияти дигаргун намудани 4 моддаи дохили организми инсон (ахлоти чаҳоргона) ва хосияти онҳо (хун – гарм ва тар; балғам – хунук ва тар, сафро – гарм ва хушк; савдо – хунук ва хушк) вобаста намудаанд.
Мувофиқи ин 4 ахлот организми одамонро ба 4 ҳолати физиологӣ – мизоҷи оддӣ (гарм, хунук, тар, хушк) ва мизоҷи мураккаб, яъне бо ҳамдигар омехта будани 2 унсур (мизоҷи гарм ва тар, гарм ва хушк, хунук ва тар, хунук ва хушк) тақсим намуда, бо унсурҳои мухталиф муолиҷа мекарданд. Мас., бемории аз таъсири хунукӣ ва намӣ ба вуҷуд омадаро бо доруҳои гармиовар ва хунуккунанда муолиҷа менамуданд.
Абӯалии Сино дар «Ал-Қонун» зиёда аз 40 намуди таъсири доруҳои оддиро шарҳ додааст, ки аксарияти онҳо бо таълимоти илмии имрӯза мувофиқ меоянд.
Табибони қадим аз дорувориҳои табиӣ бо усулҳои оддитарин истифода мекард: Д.-ҳои моеъро меҷӯшониданд, такшон ва бухор мекарданд; қиёмҳои мулоим ва хушк (мас., қиёми зирк) ҳосил карда, онҳоро барои табобати бемориҳои гуногун ба кор мебурданд. Ҳамчун Д.-и мураккаб тарёкҳои гуногун истифода мешуданд, ки таркиби ҳар яки онҳо аз омехтаи 70 – 80 навъи гиёҳу моддаҳои маъданӣ ва ҳайвонӣ иборат буд. Дар осори тиббии Шарқ меъёри Д.-ҳо мувофиқи вазн ва паймонаҳои юнонӣ, арабӣ, форсиву тоҷикии қадима (мас., мисқол – 4,3 – 4,82 г, дамак – 0,531 г, тассуҷ – 0,2 г, қурма – 1,999 г, кавассус – 0,045 мл, уксуфабун – 0,068 мл, қошуқи хурд – 24 – 40 мл, манн – 831 мл ва ғ.) муқаррар карда мешуд.
Аксари Д.-ҳои ҳозираро бо роҳи химиявӣ, баъзеашонро аз наботот, ҳайвонот ё минералҳо ҳосил мекунанд. Адади Д.-ҳои ҷудогона ва маҷмӯи онҳо, ки дар амалияи тиб истифода мешаванд, ба ҳазорҳо мерасад. Истеҳсоли Д.-и нав кори мураккаб ва дуру дароз аст. Пеш аз ҳама дар лабораторияҳо аз маводи доруӣ пайвастҳои нави химиявӣ ҳосил мекунанд, баъд онҳоро ба лабораторияҳои махсуси фармакологӣ месупоранд. Дар он ҷо мутахассисони дорушинос таъсири ин пайвастҳоро ба узву бофтаҳои ҳайвоноти гуногун, инчунин ҷаббиш, тақсимот ва ихроҷ шудани онҳоро аз организм меомӯзанд. Дар ин маврид ба омӯзиши таъсири ногувор ва зарарноки пайвастҳои нав диққати махсус медиҳанд. Агар натиҷаи тадқиқоти озмоишӣ хуб бошад, он гоҳ дар муассисаҳои махсуси табобатӣ санҷиши клиникӣ мегузаронанд. Чунин муассисаҳо дар ихтиёри худ шароити зарурӣ ва кормандони варзида доранд. Фақат дар асоси маълумоти санҷиши клиникие, ки қимати табобатии Д.-и навро тасдиқ кардааст, дар бораи истифодаи он дар амалияи тиб қарор бароварда мешавад. Пеш аз истеҳсоли Д.-и нав дорусозон ва химикҳо ашколи он (ниг. Ашколи дору), технологияи истеҳсол, усулҳои назорат ба сифати онҳо ва ғ.-ро муайян мекунанд.
Дар ҷараёни ҷустуҷӯ ва татбиқи Д.-и нав ба масъалаи бехатарии истеъмоли он диққати махсус медиҳанд. Бо ин мақсад дар аксар мамлакатҳо системаҳои гуногун, ба истилоҳ назорати адвиёт, амал мекунанд, ки онҳоро ташкилоти махсуси давлатӣ пешниҳод намудаанд. Системаи назорати Д. дар Тоҷикистон яке аз системаҳои мукаммал аст; он нафақат марҳалаи ҷустуҷӯю санҷиши клиникӣ ва татбиқи Д.-и нав, балки истеҳсоли онҳоро дар саноати фармасевтӣ низ дарбар мегирад. Назорат ба ҷустуҷӯ, санҷиш ва истеъмоли Д.-и навро идораҳо оид ба татбиқи Д.-и нав ва техникаи тиббӣ амалӣ мегардонанд. Сифати доруҳои баровардаро муассисаҳои давлатии тадқиқоти илмӣ оид ба стандартонӣ ва назорати Д.-ҳо, инчунин лабораторияи гуногун назорат мекунанд.
Тибби ҳозира Д.-ҳое дорад, ки амалан ба ҳамаи узвҳои одам ва амрози гуногун таъсир мерасонанд. Инро ба асос гирифта, Д.-ҳоро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд.
Доруҳое, ки ба системаи асабияи марказӣ таъсир мекунанд. Дар байни онҳо Д.-ҳое ҳастанд, ки дар соҳаи ҷарроҳӣ барои бедардгардонии умумӣ чун наркоз истифода мешаванд; доруҳои хобовар, доруҳои дардбар, доруҳои табшикан, Д.-ҳои зидди ихтилоҷ, ангезандаи фаъолияти асабияи марказӣ, аз ҷумла аналептикҳо (қувватбахш), Д.-ҳое, ки марказҳои асабро ба ҳаяҷон оварда, нафаскашӣ ва гардиши хунро танзим мекунанд. Ба ин гурӯҳ Д.-ҳое низ мансубанд, ки ба фаъолияти рӯҳӣ таъсир мерасонанд (ба истилоҳ Д.-ҳои психотропӣ). Онҳоро асосан барои табобати бемориҳои рӯҳӣ ва пешгирии неврозҳо (ниг. Доруҳои таскинбахш) истифода мебаранд.
Доруҳое, ки ба системаи асабҳои канорӣ таъсир мерасонанд. Баъзе Д.-ҳои ин гурӯҳ ба фаъолияти асабҳои ҳассос таъсир мерасонанд. Мас., Д.-ҳои карахткунанда ҳассосияти нӯгҳои асабро бартараф намуда, ҳисси дардро рафъ месозанд. Чунин Д.-ҳоро барои бедардгардонии ҷузъӣ истифода мебаранд. Д.-ҳое, ки ба фаъолияти қисми вегетативии системаи асабҳои канорӣ таъсир мерасонанд, аҳамияти калон доранд. Онҳо ба кори асабҳои вегетативӣ таҳрик бахшида ё онро фурӯ нишонда, фаъолияти узвҳои дарун (дил, бронхҳо, ҳозима ва ғ.)-ро тағйир медиҳанд.
Доруҳое, ки ба силсилаи дилу рагҳо таъсир мекунанд. Ин адвиёти ба истилоҳ гликозидҳои дил кори дилро таҳрик мебахшанд. Ба ин гурӯҳ Д.-ҳои зидди беназмии дил, ки ҳангоми ихтилоли таппиши дил истеъмол мекунанд ва доруҳои фишоршикан, инчунин Д.-ҳое низ мансубанд, ки бо ҷараёни хун ба дил таъсир мерасонанд.
Доруҳое, ки ба кори узвҳои нафаскашӣ таъсир мекунанд. Ба инҳо Д.-ҳои таҳрикбахши нафас, зидди сурфа, доруҳои балғамовар, инчунин Д.-ҳое, ки ҳангоми зиқи нафас найчаҳои шушро васеъ мекунанд, мансубанд.
Доруҳое, ки ба кори узвҳои ҳозима таъсир мекунанд. Ба ин гурӯҳ Д.-ҳои мусҳил, талхарон, зидди қай ва Д.-ҳое, ки ҳангоми кам ё зиёд будани туршии шираи меъда истифода мешаванд, Д.-ҳое, ки иштиҳоро зиёд ё кам мекунанд, мансубанд.
Доруҳое, ки ба фаъолияти тарашшӯҳии гурда таъсир мекунанд, ниг. Доруҳои шошарон.
Доруҳое, ки ба хун ва хунҳосилшавӣ таъсир мекунанд. Ба ин гурӯҳ Д.-ҳои хунбанд, Д.-ҳое, ки ҳосилшавии хунро метезонанд, инчунин Д.-ҳое, ки лахтабандии хунро суст мекунанд, мансубанд.
Доруҳое, ки ба ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳо таъсир мерасонанд. Инҳо Д.-ҳои гормонӣ (ниг. Гормонҳо) ва витаминҳо, инчунин Д.-ҳое мебошанд, ки дар таркибашон йод, намакҳои калий, калтсий, магний ва ғ. доранд. Ба ин гурӯҳ Д.-ҳое низ мансубанд, ки барои табобати ниқрис (зидди ниқрис) ва пешгирии атеросклероз истифода мешаванд.
Доруҳое, ки ба ҷараёни маризӣ дар бофтаҳо таъсир мерасонанд. Ин Д.-ро ба доруҳои зидди газак ва зидди аллергия ҷудо мекунанд.
Доруҳои зидди микробҳо ва зидди паразитҳо. Ин Д.-ҳоро барои нест кардан ё фурӯ нашондани фаъолияти микроорганизмҳои бемориовар ва паразитҳо – ангезандаҳои бемориҳои ангалӣ истифода мебаранд. Ба ин гурӯҳ инчунин доруҳои зидди уфунат, безараргардон, табобати химиявӣ, антибиотикҳо, доруҳои сулфаниламидӣ, Д.-ҳои зидди бемории сил, зидди занбӯруғ, зидди безгак, зидди вирус, зидди киҷҷа ва ғ. мансубанд.
Доруҳои зидди омос. Чунин Д.-ҳо ба нумӯи ҳуҷайраҳои омос халал мерасонанд. Онҳоро барои табобати бемориҳои омосӣ ва баъзе амрози хун истифода мебаранд.
Таъсири Д. ба бисёр омилҳо вобаста аст. Ҳар як Д. дар миқдори муайян таъсири табобатӣ дорад (миқдори миёнаи муолиҷавӣ). Ҳангоми зарурат духтур метавонад миқдори бештари табобатиро таъин кунад. Дар сурати аз ин ҳад зиёд таъин кардани Д. организм заҳролуд мешавад.
Ҳассосияти организми одам ба Д. вобаста ба синну сол низ тағйир меёбад. Кӯдакон нисбат ба одамони калонсол ба Д. бештар ҳассос мебошанд. Бинобар ин, вояи муолиҷавие, ки барои онҳо муқаррар шудааст, аз вояи барои одамони калонсол таъиншуда хеле фарқ мекунад. Таъин кардани баъзе Д.-ҳо ба кӯдакони хурдсол (то 2-сола) умуман манъ аст. Одамони калонсол (аз 60-сола боло) ба гурӯҳи муайяни Д.-ҳо (мас., Д.-ҳои фурӯнишони фаъолияти асабияи марказӣ, Д.-ҳои шошарон ва ғ.) хеле ҳассос мебошанд, аз ин рӯ, ба чунин ашхос нисбат ба одамони миёнсол онҳоро камтар таъин мекунанд.
Барои ҳар як Д. давомоти муайяни таъсир хос аст (он ба вақти давр задани моддаи фаъоли давоӣ дар организм мувофиқат мекунад). Д.-ро бемавқеъ истеъмол кардан ҷоиз нест. Ҳангоми истеъмоли тӯлониву беназорати баъзе Д.-ҳо онҳо дар организм ғун шуда, боиси заҳролудӣ мегарданд. Дар айни ҳол аз миқдори таъинкарда камтар ва дер-дер истеъмол намудани Д.-ҳо низ таъсири онҳоро суст мегардонад.
Таъсири Д. ба тарзи истеъмол низ вобаста аст. Мас., валидол ва нитроглитсеринро дар мавриди хурӯҷи зиқи дил зери забон бояд гузошт. Агар онҳоро фурӯ баранд, нафъ намебахшад. Кадом вақт ва кай (то ё баъд аз таом) истеъмол кардани Д. низ муҳим аст; мавҷудияти хӯрок дар меъдаю рӯда метавонад, ба ҷаббиши яке аз Д.-ҳо мусоидат карда, ба дигараш монеъ шавад.
Таъсири баъзе Д.-ҳо вобаста ба ритмҳои биологии организм, вақти истеъмоли он дар давоми як шаборӯз тағйир меёбад. Таъсири баъзе Д.-ҳо пагоҳии барвақт бештар аст. Ҳангоми дар як вақт истеъмол кардани ду ё чанд Д. таъсири онҳо ба ҳамдигар мумкин афзун гардад ё, баръакс, суст шавад. Бинобар ин, маҷмӯи Д.-ҳоро бе таъиноти духтур истеъмол кардан ҷоиз нест (чунки бо ҳам мувофиқат накарда зарари калон расондани онҳо эҳтимол дорад). Бори дигар хотиррасон мекунем: Д.-ро қатъиян мувофиқи тартиби таъинкардаи духтур истеъмол бояд кард; агар аз истеъмоли дору бемор дарди сар, дилзании сахт ва ғ.-ро ҳис кунад, аз ин хусус духтурро воқиф кардан лозим аст. Дар чунин мавридҳо духтур метавонад саривақт миқдори Д.-ҳо ва фосилаи истеъмоли онҳоро тағйир диҳад ё баъзан бо диг. Д. иваз кунад.
Таъсири Д. ба вазъи организм ҳам вобаста аст. Чунончи, Д.-и табшикан фақат ҳангоми табларза ёрӣ мерасонад, муолиҷа бо Д.-ҳои химиявӣ бошад, фақат нисбат ба микробҳои муайяни ба онҳо ҳассос самарабахш аст. Махсусан вобастагии таъсири Д. ба тарзи фаъолияти узвҳое, ки дар кори аз организм хориҷ кардани онҳо (гурда, ҷигар) иштирок менамоянд, аҳамияти калон дорад: ҳангоми ихтилоли фаъолияти ин узвҳо таъсири харобиовари бисёр Д.-ҳо меафзояд. Заҳрогинии як қатор Д.-ҳо зери таъсири машруботи спиртдор афзун мегардад ва баръакс, баъзе Д.-ҳо таъсири заҳри шаробро зиёд мекунанд (то ҳадди заҳролудии вазнин).
Хусусан занҳои ҳомила бояд Д.-ро бо эҳтиёти тамом истеъмол кунанд, зеро баъзеи онҳо ба инкишофи ҷанин таъсири ногувор мерасонанд. Барои заҳролуд нашудани кӯдакон ба модарони синамакон истеъмоли баъзе Д.-ҳо манъ аст.
Ба ронандагони нақлиёт, кормандони умури танзим ва ғ. дар аснои кор истеъмоли баъзе Д.-ҳо (аз ҷумла Д.-ҳои таскинбахш) ҷоиз нест (онҳо аксуламали ҷавобии силсилаи асаби марказиро суст мекунанд).
Таъсири Д. ба организм ба бисёр омилҳо вобастагӣ дорад (онҳоро духтур ба назар мегирад). Д.-ро фақат бо таъиноти духтур ва қатъиян мувофиқи меъёр, тарз ва тартиби фармудаи ӯ истеъмол кардан мумкин аст. Беназорат ва нодуруст истеъмол кардани Д. оқибати нохуш ба бор хоҳад овард. Бо мақсади роҳ надодан ба худтабобат ва сӯиистеъмол аксар Д.-ҳоро аз дорухона мувофиқи ретсепте медиҳанд, ки имзою мӯҳри шахсии духтур ва баъзан мӯҳри муассисаи табобатиро дорад. Баъзе Д.-ҳоро бе ретсепт ҳам мефурӯшанд.
Ад.: Майский В.В., Муратов В.К., Фармакология с рецептурой, М., 1985; Мелентьева Г.А.. Антонова Л.А., Фармацевтическая химия, М., 1985; Машковский М.Д., Лекарственные средства. Т. 1 – 2, М., 1988; Муравьев И.А., Технология лекарственных форм. М., 1988.

Ю.Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …