Главная / Ҷамъият / Ӯҳдадориҳои мақомоти андоз

Ӯҳдадориҳои мақомоти андоз

Моддаи 90-и Кодекси Андоз. Ӯҳдадориҳои мақомоти андоз

  1. Мақомоти андоз ўҳдадоранд:

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро риоя намоянд;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

– дуруст ҳисоб кардан, ба пуррагӣ ва саривақт ба буҷет пардохт гардидани андозҳоро назорат намоянд, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ва аниқ риоя намоянд;

-ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро риоя ва ҳимоя намоянд;

-бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом диҳанд;

-баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), пардохтшуда ва бақияпулиҳоро таъмин намоянд;

-дар бораи ба буҷет ворид гардидани андозҳо ҳисобот тартиб диҳанд, оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рўи гурўҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо баҳисобгириро ба роҳ монанд ва ҳисобот тартиб диҳанд;

-ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд ва сари вақт ситонанд;

-мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати андозро амалӣ намоянд;

-дастурҳои методӣ ва дастурамалҳоро доир ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта, инчунин маводу китобчаҳо ва овезаҳо таҳия кунанд, дар воситаҳои ахбори омма оид ба ин масъалаҳо иттилооти машваратӣ ва тавзеҳотӣ нашр намоянд;

-ба андозсупорандагон оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз тибқи мўҳлатҳо ва ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур огоҳинома супоранд;

-тибқи аризаи андозсупоранда дар мўҳлати панҷ рўзи корӣ аз ҳисобномаи шахсии ў оид ба вазъи ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет дар бораи иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ иқтибос пешниҳод намоянд;

-чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андози андозсупорандаро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намоянд;

-нусхаи дуюми санади санҷиши андоз ва қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба натиҷаи санҷиши андоз ба андозсупорандагон пешниҳод намоянд;

-феҳристи давлатӣ ва баҳисобгирии мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалиро пеш баранд;

-тибқи тартиби муқарраршуда  дархостҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти мақомоти андоз қарордошта баррасӣ намоянд;

-ҳар моҳ ба мақомоти молия оид ба маблағҳои андози воқеан ба буҷет дохилшуда маълумот пешниҳод намоянд;

-оид ба вайрон гардидани қонунгузории андоз маълумот ҷамъоварӣ намоянд, таҳлил кунанд, баҳо диҳанд, ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси сар задани чунин ҳолатҳо мешаванд, тавсияҳо пешниҳод намоянд;

-мувофиқи муқаррароти моддаи 69 Кодекси мазкур маблағҳои аз андозҳои ҳисобшуда барзиёд супоридаи андозсупорандагонро ба ҳисоб гиранд ва (ё) ба андозсупорандагон баргардонанд;

-махфияти сирри андозро риоя намоянд;

-оид ба татбиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тавзеҳотиро анҷом диҳанд, бо тартиби муқарраргардида ба андозсупорандагон шаклҳои ҳисоботи андозро пешниҳод кунанд ва тартиби пур кардани онҳоро фаҳмонанд, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро, аз ҷумла дар шакли хаттӣ шарҳ диҳанд;

-дар давоми мўҳлати даъво нигоҳдории ҳисоботи андоз ва дигар ҳуҷҷатҳоро, аз ҷумла нусхаҳои ба андозсупоранда додашудаи ин ҳуҷҷатҳоро (расид ва ғайраро), ки далели иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда оид ба пардохти андозҳо ба буҷети давлатӣ мебошанд, инчунин санадҳои санҷиши андоз ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки ба ин андозсупорандаи мушаххас марбутанд, таъмин намоянд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло пешбинигардида дар парвандаи шахсии андозсупоранда ҷамъ оварда мешаванд (парвандаи шахсии андозсупорандаро ташкил медиҳанд). Мақомоти андоз парвандаҳои шахсии андозсупорандагонро нисбат ба андозсупорандагон – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони воқеие, ки ўҳдадоранд мутобиқи Кодекси мазкур эъломияи андоз пешниҳод кунанд, мураттаб месозанд;

-ҳангоми дар рафти санҷиши андоз ошкор гардидани далелҳое, ки дорои аломатҳои ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз супоридани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мебошанд, маводро дар давоми 10 рўзи корӣ пас аз қабули қарор аз рўи санади санҷиши андоз барои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷўӣ кардан ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ фиристанд;

-фаъолияти мақомоти поёнии ҳудудии андоз ва корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои тобеъро назорат намоянд;

– дастрасии андозсупорандагонро ба иттилоот оид ба масъалаҳои  ба андозбандии онҳо алоқаманд таъмин намоянд.

  1. Мақомоти андоз инчунин дигар ўҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …