Главная / Техника / Дохилкунии информатсия ба Компютер

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро факат дар шакли адади тахия мекунад.

Хамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди тачхизотхо) бояд дар шакли адади ифода карда шаванд. Хамаи рамзхо (символхо) бо ададхо кодгузори карда мешаванд. Мувофикати байни мачмуи рамзхо  ва ададхоро кодгузори рамзхо меноманд.

opti1Чи тавре ки дар боло кайд кардем, хамаи мошинхои электрони аз руи системаи хисобкунии дуи кор мекунанд. Инчунин мошинхои электрони аз руи системаи хашти ва шонздахи коркунанда низ мавчуданд. Дар байни системахои дуи, хашти ва шонздахи алокамандии махсус аст. Як раками шонздахи ба чор разряди дуи баробар аст. Чун коида, адад дар компютер бо ёрии сифрхо ва вохидхо ифода меёбад (дар хаёти харрузаи мо аз 10 ракамхои 0,1,2,3,4,5,6,7,8,9 истифода мебарем, ки онро системаи хисоби дахи меноманд). Дар компютер асосан системаи хисоби дуиро истифода мекунанд.

Барномахои аввалин барои компютерхо бо кодхои мошини навишта мешуданд. Ин кори хеле мураккабу душвор буд. Барои осонии кор, солхои 50-ум системаи наве тахия карда  шуд, ки барнома на дар шакли забони мошини, балки бо ифодакунии он бо кодхои рамзи навишта мешуданд. Чунин забонро барои навиштани барнома автокод ё забони ассемблер меноманд. Барномахо дар ассемблер бо осони ба фармонхои мошини гузаронида мешаванд. Вале навиштани барнома ба забони ассемблер захмати зиёдеро талаб мекунад. Забони барномавии аввалини зинаи баланд забони Фортран буд, ки онро соли 1954 ширкати IBM тахти рохбарии Чон Бекус омода карда  буд. Ин забон барои корхои илмию-тадкикоти истифода мешуд. Дар асоси забони Фортран забонхои дигари барномасози ба монанди: алгол, бейсик, си, си++, паскал, лого, форт, лисп, пролог, кобол ва гайрахо ба вучуд омаданд.

Аввалин компютерхо дар асоси лампахои электрони сохта шуда, МЭХ, ENIAC ба хисоб мерафт.

Соли 1948 транзисторхо ихтироъ шуданд ва насли 2-юми компютерхо ба вучуд омад, ки хачмашон даххо маротиба аз насли 1-ум хурд буд.

Солхои 60-ум транзисторхо ба вучуд омаданд, ки чузъи асосии компютерро ташкил медоданд. Ширкати Dugital Equipment соли 1965 аввалин мини-компютер RDR-8-ро ихтироъ кард андозаи он ба яхдон баробар буда, нархаш 20 хазор долларро ташкил мекард. Баъдан накшахои интеграли пайдо шуданд, бо истифодаи онхо соли 1968 ширкати Burroghs аввалин компютерро бо схемахои интеграли баровард. Соли 1970 ширкати Intel фуруши схемахои интегралиро cap кард. Солхои охир Эдвард Хофф аз ширкати Intel схемаи интегралиро сохт, ки функсияи протсессори марказии МЭХ-и калонро мебозид. Хамин тавр, микропротсессори аввалин Intel-4400 пайдо шуд. Протсессорхои аввалин 4 – бита буданд. Соли 1975 аввалин компютери тичоратии Ал-таир-8800 пайдо шуд, ки асосаш микро протсессорри Intel-8080 буд. Ин компютерро ширкати MITS ихтироъ, ки нархаш 500 доллар буд. Охири соли 1975 Пол Аллен ва Бил Гейтс (асосгузорони ширкати Microsoft) компютери «Ал-таир»-ро сохтанд, ки шорехаш забони Бейсик буд. Ин икдоми хайр имкон медод, ки компютерро одамон истифода баранд ва барои вай барнома нависанд. Охирхои солхои 70-ум КФ васеъ ба кор шуруъ кардаанд ва талабот ба МЭХ-хо калон ва мини МЭХ паст шуд. Ин ширкати IBM-ро ба холати ногувор овард (IBM-Intenational Business Machcnes Corporation), ки истехсолкунандаи МЭХ-и калон буд ва соли 1979 ширкати IBM кувваи худро барои истехсоли КФ санчид ва ба бозори чахони баромад. Ба сифати микропротсессори компютер, микропротсессори 16 -разрядаи Intel-8088-po интихоб кард ва микропротсессори нав бо хотираи 1 мегабайта кор мекард, ки то ин вакт компютерхо бо 64 байт кор мекарданд. Мохи августи соли 1981 компютери нав бо номи IBM PC (хонда мешавад-Ай-Би-ЭМ-Пи-СИ) ба хидмати мардум пешниход карда шуд,  ки  90 фисади КФ чахониро ин компютер ташкил мекунад. Соли    1985 компютери IBM PC AT бо микропротсессори нави INTEL-80286, ки 3-4 маротиба аз IBM PC XT тезтар кор мекард, ихтироъ шуд. Вале кайд кардан зарур аст, сол то сол кудрати ширкати IBM суст шудан гирифт, чунки бо вай дигар мамлакатхо хамкори карда, ба истехсоли компютерхо шуруъ карданд. Масалан,   дар   Тайван, Сингапур,   Кореяи   Чануби   ва гайрахо, ки компютерхои онхо нисбат ба IBM  PC арзонтар буд, истехсоли КФ зиёд шудан гирифт. Компютерхоеро, ки асосашон микропротсессори Intel-80386X, 80486 ва Pentium, мониторхои типи Super-Wga 800*600,1024*768, 1152*864, 1280*720, 1280*768, 1280*960 ва 1280*1024 мебошад, ширкати IBM истехсол накардааст.

Дар  чахон  хар сол  даххо  миллион  компютер   фурухта мешавад ва танхо дар худи ИМА хачми хизмат ва фуруши таъминоти барномаи онхо даххо миллиард долларро ташкил мекунад ва ин теъдод мунтазам меафзояд. КФ-ро  дар  тамоми сохахо васеъ ба кор мебаранд. КФ метавонад аз руи шабакаи локали (махалли) ва глобали (васеъ) пайваст бошанд, почтаи электрониро ташкил диханд. Дар КФ даххо гигабайт маълумотро нигох, доштан мумкин аст. КФ-ро    хамчун пешкори истехсолкунандаи видиофилмхо низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

26

Шумораи садамаи наклиёт дар Точикистон

Дар Точикистон дар як сол зиёда аз 1300 садамаи наклиёти (мошин/автомобил/трактор ва гайра) рух медихад …