Главная / Илм / ДИАФРАГМА

ДИАФРАГМА

diafragmaДИАФРАГМА (юн. Diaphragma – монеа, девора), девораи пайу мушакии байни қафаси сина ва шикам. Д. аз мушаки нафисе иборат аст, ки шакли гунбазро дошта, бо баргаки наздидеворавии плевра (шушпарда) фаро гирифта шудааст. Сатҳи поёни Д. фурӯхамида буда, ҷониби ҷавфи шикам менигарад; онро баргакҳои наздидеворавии шикампарда иҳота мекунанд. Торҳои мушаки Д. аз гузаргоҳи канори поёни сандуқи сина сар карда, ба боло равона мешаванд ва ба ҳамдигар пайваста маркази пайҳоро ба вуҷуд меоранд. Ба тавассути сӯрохи Д. аорта, венаи тиҳии поён, венаҳои тоқа ва нимтоқа, лимфароҳа, сурхрӯда, асабҳои гумроҳ, танаи асабҳои симпатикӣ, асабҳои шикам мегузаранд. Одатан, нӯги гунбази рости Д. дар сатҳи байнқабурғаи чорум ва гунбази чап дар сатҳи байнқабурғаи панҷум ҷойгир аст. Ҳангоми нафас гирифтан гунбазҳои Д. 2 – 3 см поён мефароянд. Д.-ро артерияҳои болоӣ ва поёнии диафрагмавӣ, ҳамчунин артерияҳои мушаку диафрагмавӣ ва перикарду диафрагмавӣ бо хун таъмин менамоянд.
Д. вазифаи нафасгириро иҷро мекунад. Осебҳои Д. кушода ва пӯшида мешаванд. Тамоми осебҳое, ки ба узвҳои сандуқи сина ва шикам мерасанд, Д.-ро низ захмдор месозанд. Осебҳои пӯшидаи Д. дар мавриди садамаи нақлиётӣ ё афтодан ба мушоҳида мерасанд. Аломатҳои осеб ёфтани Д. дарди шикам ва сандуқи сина, ки ба китф мегузарад, дамкӯтаҳӣ, кабуд шудани пӯст, тез задани набз мебошанд. Осеб ёфтани Д. бисёр вақт боиси шок мешавад.
Ба бемориҳои Д. чурра, илтиҳоб, омосҳои гуногун мансубанд. Чурраи диафрагма осебӣ ва ғайриосебӣ мешавад. Сабаби чурраи ғайриосебӣ васеъшавии патологии сӯрохи Д. аст. Бисёр вақт чурраи сӯрохи сурхрӯда ба мушоҳида мерасад, ки аломатҳои он дарди зери қабурға (ба шона ва китфи чап мегузарад), зардаҷӯш, оруғ задан, қай ва ғ. мебошанд. Нишонаҳои беморӣ, одатан, баъди истеъмоли ғизо ва якпаҳлӯ дароз кашидани одам тезу тунд мешаванд.
Чурраи осебии Д. бинобар захм бардоштану даридани он сар мезанад. Даромадгоҳи чурра бештар дар гунбази чапи Д. ҷой мегирад. Нишонаҳои чурраи осебии Д. метавонанд муддати дароз аз худ дарак надиҳанд (хусусан дар мавриди нуқси калон доштани гунбази Д.).
Илтиҳоби Д. бинобар аз фазои зеридиафрагмавӣ ё ҷавфи сандуқи сина паҳн шудани газак ба вуҷуд меояд (ҳангоми бемориҳои римдори шуш, плевра, перикард).
Омосҳои Д. бештар аз ҷавфи шикам ё сандуқи сина месабзанд. Онҳоро бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд.
КЛ
Диафрагма (намуд аз поён); 1 – маркази пайҳо; 2 – сӯрохи венаи тиҳии поён; 3 – сӯрохи сурхрӯда; 4 – сӯрохи аорта; 5 – бандаки камоншакли мобайнӣ; 6 – бандаки камоншакли канорӣ; 7 – секунҷаи камару қабурға; 8 – поячаи чап; 9 – поячаи рост.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …