Главная / Илм / ДИАФРАГМА

ДИАФРАГМА

diafragmaДИАФРАГМА (юн. Diaphragma – монеа, девора), девораи пайу мушакии байни кафаси сина ва шикам. Д. аз мушаки нафисе иборат аст, ки шакли гунбазро дошта, бо баргаки наздидеворавии плевра (шушпарда) фаро гирифта шудааст. Сатхи поёни Д. фурухамида буда, чониби чавфи шикам менигарад; онро баргакхои наздидеворавии шикампарда ихота мекунанд. Торхои мушаки Д. аз гузаргохи канори поёни сандуки сина сар карда, ба боло равона мешаванд ва ба хамдигар пайваста маркази пайхоро ба вучуд меоранд. Ба тавассути сурохи Д. аорта, венаи тихии поён, венахои тока ва нимтока, лимфароха, сурхруда, асабхои гумрох, танаи асабхои симпатики, асабхои шикам мегузаранд. Одатан, нуги гунбази рости Д. дар сатхи байнкабургаи чорум ва гунбази чап дар сатхи байнкабургаи панчум чойгир аст. Хангоми нафас гирифтан гунбазхои Д. 2 – 3 см поён мефароянд. Д.-ро артерияхои болои ва поёнии диафрагмави, хамчунин артерияхои мушаку диафрагмави ва перикарду диафрагмави бо хун таъмин менамоянд.
Д. вазифаи нафасгириро ичро мекунад. Осебхои Д. кушода ва пушида мешаванд. Тамоми осебхое, ки ба узвхои сандуки сина ва шикам мерасанд, Д.-ро низ захмдор месозанд. Осебхои пушидаи Д. дар мавриди садамаи наклиёти ё афтодан ба мушохида мерасанд. Аломатхои осеб ёфтани Д. дарди шикам ва сандуки сина, ки ба китф мегузарад, дамкутахи, кабуд шудани пуст, тез задани набз мебошанд. Осеб ёфтани Д. бисёр вакт боиси шок мешавад.
Ба беморихои Д. чурра, илтихоб, омосхои гуногун мансубанд. Чурраи диафрагма осеби ва гайриосеби мешавад. Сабаби чурраи гайриосеби васеъшавии патологии сурохи Д. аст. Бисёр вакт чурраи сурохи сурхруда ба мушохида мерасад, ки аломатхои он дарди зери кабурга (ба шона ва китфи чап мегузарад), зардачуш, оруг задан, кай ва г. мебошанд. Нишонахои бемори, одатан, баъди истеъмоли гизо ва якпахлу дароз кашидани одам тезу тунд мешаванд.
Чурраи осебии Д. бинобар захм бардоштану даридани он сар мезанад. Даромадгохи чурра бештар дар гунбази чапи Д. чой мегирад. Нишонахои чурраи осебии Д. метавонанд муддати дароз аз худ дарак надиханд (хусусан дар мавриди нукси калон доштани гунбази Д.).
Илтихоби Д. бинобар аз фазои зеридиафрагмави ё чавфи сандуки сина пахн шудани газак ба вучуд меояд (хангоми беморихои римдори шуш, плевра, перикард).
Омосхои Д. бештар аз чавфи шикам ё сандуки сина месабзанд. Онхоро бо усули чаррохи табобат мекунанд.
КЛ
Диафрагма (намуд аз поён); 1 – маркази пайхо; 2 – сурохи венаи тихии поён; 3 – сурохи сурхруда; 4 – сурохи аорта; 5 – бандаки камоншакли мобайни; 6 – бандаки камоншакли канори; 7 – секунчаи камару кабурга; 8 – поячаи чап; 9 – поячаи рост.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …