Главная / Гуногун / Чигунагии зиёрати Расулуллоҳ (с)

Чигунагии зиёрати Расулуллоҳ (с)

Аз бузургон инчунин манқул шудааст, ки агар касе дар паи зиёрати Расулуллоҳ (с) мебошад, бояд бар ин чунин амал кунад: Дар шаби ҷумъа ду ракъат намози нафлро ба ин сурат бихонад, ки дар ҳар ракъате баъд аз сураи «Фотиҳа» ёздаҳ маротиба «Ояту-л-Курсӣ» ва ёздаҳ маротиба сураи «Ихлос»-ро бихонад. Ва баъд аз салом сад маротиба ин салавотро бихонад.

Салавот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало Муҳаммади-н-набиййи-л-уммиййи ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва борик ва саллим.

Ин амалро ҳар касе аз рӯи шавқу муҳаббат чандин маротиба анҷом диҳад, ба шарти ин ки аз гуноҳ кардан дури ҷӯяд, иншоаллоҳ вайро зиёрати Расулуллоҳ (с) дар хоб насиб хоҳад гардид.

Инчунин кобед

idi-qurbon

Иди Қурбон 2022 сол 9-уми июл ҷашн гирифта мешавад

Иди Қурбон соли 2022-ум дар Тоҷикистон кай ҷашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии …