Главная / Илм (страница 205)

Илм

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ

480px-farnearfields-usp-4998112-1

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ, афканишоти электромагнитии дарозии мавҷашон аз 10 то 400 нм. А. у. таъсири сахти химиявӣ ва биологӣ доранд. Манбаи А. у. табиӣ ва сунъӣ мешавад. Манбаи табии нисбатан пуриқтидори А. у. Офтоб аст. А. у.-и Офтоб ба Замин дар шакли нурҳои рост ва пароканда омада мерасад. А. у.-и дарозии …

Муфассал »

АФЛЕСУН

apelsin7

АФЛЕСУН (Citrus sinensis), пуртахол, дарахтест ҳамешасабзи субтропикӣ. То 4 – 12 м қад мекашад; сершоху барг, навдаҳояш рост, танаву шохааш хорҳои борик доранд. Баргаш миёнаҳаҷм ё калони ҷилодор, чармгун, гирдаи нӯгтез, баъзан андак дандонадор, сабзи тира; навда ва баргҳои наврустааш сабзи кушод. Гулаш дуҷинса, сафед ва хушбӯй. Мевааш лӯнда, нокмонанд …

Муфассал »

АФОНИЯ

aphonia-aspx

АФОНИЯ (Aphonia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва phone – овоз, садо), набудани овози ҷарангосии баланд. Ҳангоми А. овоз паст ва нимғурма мешавад. А. аломати бемориҳои гуногуни ханҷара, силсилаи асаб ва ғ. аст. А. фалаҷӣ, ташаннуҷӣ ва вазоифӣ (функсиявӣ) мешавад. Сабаби А.-и фалаҷӣ ихтилоли кори асаби поёни ханҷара ва амрози …

Муфассал »

АФСОНАК

222335_b00cf333

АФСОНАК (Thermopsis alpina), мастак, мия, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Аз 10 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сермӯяк, барги мураккаби думчадор (баргҳояш дарозрӯя ё байзашакли мӯякдор), гули калони зард, тӯдагули дарозрӯя дорад. Моҳи июн гул карда, тухмаш июл – авг. мепазад. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи А.-ро барои …

Муфассал »

АФСУРДАРӯҲӣ

index

АФСУРДАРӯҲӣ (Depressio), депрессия, бетобиест, ки бо ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ва ҷисмонӣ, паст шудани тонуси организм, сустии ҳаракат, носомонии дастгоҳи ҳозима ва хоб зоҳир мегардад. Дараҷаҳои гуногуни аломатҳои А. мушоҳида мешаванд. Мас., рӯҳафтодагӣ бо андӯҳ, гум шудани шавқу ҳавас, ғами гарон ва хоҳиши марги хеш; сустии фаъолияти рӯҳӣ бо «заифи»-и …

Муфассал »

АФШУРА

220px-oranges_and_orange_juice

АФШУРА, шира, шарбат, навъи нӯшокӣ. Аз мева, буттамева ва сабзавот тайёр мекунанд. Барои ғизои кӯдакон ва шахсоне, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда, аъзои пешоббарор ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо гирифторанд, аҳамияти калон дорад. А. аз 10 – 30% ангиштоб (вобаста ба навъи А. ва миқдори қанди иловагӣ ), намакҳои минералӣ, витаминҳо, …

Муфассал »

АФЪӣ

360px-echis_carinatus_0

АФЪӣ (Echis carinatus), мори афъӣ, афъо, эфа, як навъ мори заҳрнок. Дар Африкаи Шимолӣ, Эрон, Ироқ, Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ ва диг. мавзеъҳо дучор меояд. Дар Тоҷикистон асосан дар ноҳияҳои ҷан.-ғарбӣ вомехӯрад. Дар шароити барои ҳаёт мусоид миқдори А. хеле зиёд мешавад. Мас., дар водии д. Мурғоб аз масоҳати 1,5 …

Муфассал »

АФЮН

1396332608_post-2-130

АФЮН (юн. ópion – шираи хашхош), моддае, ки аз шираи ғӯзаи хошхош (кӯкнор) ҳосил мекунанд. Маълумоти нахустин оид ба А. ба с-ҳои 300 то м. рост меоянд. А.-ро дар Юнони Қадим истифода мебурданд, хосиятҳои дардбарии он ба Буқрот маълум буд. Минбаъд истифодаи А. дар Ҳиндустон, Хитой расм шуд. Таркиби А. …

Муфассал »

АХИЛИЯ

ahiliya-360x200

АХИЛИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. chylós – шира), дар таркиби шираи меъда мавҷуд набудани кислотаи хлорид ва ферменти пепсин. А. узвӣ ва вазоифӣ мешавад. Ҳангоми А.-и узвӣ бофтаҳои ғадуди меъда табоҳ шуда, меъда шира ҷудо карда наметавонад. А. бемории луобпардаи меъда (атрофияи ғадуди меъда) ё зуҳуроти диг. …

Муфассал »

АХЛОРГИДРИЯ

achlorhydria_2

АХЛОРГИДРИЯ (Achlorhydria), дар таркиби шираи меъда вуҷуд надоштани кислотаи озоди хлорид (дар сурате, ки миқдори пепсин дар ҳадди эътидол ё андаке кам аст). А. сабабҳои вазоифӣ (мас., ҳангоми таъсироти рефлексӣ ба фаъолияти тарашшӯҳии меъда) ва узвӣ (мас., дар мавриди гастрити музмин, саратон ва полипози меъда) дорад. А. бидуни ягон аломат …

Муфассал »