Главная / Илм / АФШУРА

АФШУРА

220px-oranges_and_orange_juiceАФШУРА, шира, шарбат, навъи нӯшокӣ. Аз мева, буттамева ва сабзавот тайёр мекунанд. Барои ғизои кӯдакон ва шахсоне, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда, аъзои пешоббарор ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо гирифторанд, аҳамияти калон дорад. А. аз 10 – 30% ангиштоб (вобаста ба навъи А. ва миқдори қанди иловагӣ ), намакҳои минералӣ, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои даббоғӣ, ферментҳо ва ғ. иборат аст. А. тару тоза (табиӣ) ва консервонида (пастеризонида) мешавад. Барои ба кӯдакон хӯрондан ва бо мақсади парҳез ба А. ғайр аз қанд кислотаи аскорбинат низ ҳамроҳ мекунанд.
А.-ҳои полида (софкоришуда) ва нополида (бидуни софкорӣ) низ мавҷуданд. А.-и нополида муфидтар аст, чунки ғайр аз моддаҳои ғизоӣ мазза, ранг ва бӯи меваҳои тару тозаро дорад. Барои тайёр кардани чунин А. меваро шакида «отола» менамоянд. Дар А.-и консервонида витаминҳо дер мепоянд (ниг. ҷадвал).
Ғайр аз А.-и мева ва буттамева, А.-ҳои сабзавот низ маъмуланд. А.-и сабзиро бо роҳи омехтани шарбати қанд ва шакидаи сабзӣ тайёр мекунанд. А.-и сабзӣ манбаи каротин (провитамини А) аст. Он инчунин намакҳои калсий, фосфор ва оҳан дорад, ки барои организм заруранд. Аз ҷиҳати ғизонокӣ ва ҳозимӣ нисбат ба диг. А.-ҳои сабзавотӣ беҳтар буда, махсусан барои кӯдакон, занҳои ҳомила ва ширхорадор муфид аст. Аз помидорҳои пухтарасида низ А. мегиранд. Дар А.-и помидор қариб ҳамаи витаминҳои таркиби ғизои растанигӣ мавҷуданд. Дар он хусусан каротин ва витамини С бисёр аст. А.-и помидор намакҳои минералӣ, қанд ва кислотаҳои органикӣ ҳам дорад. Вай хуштамъ буда, ташнагиро мешиканад.
Дар А.-и лаблабу ба миқдори зиёд қанд, намакҳои минералӣ ва моддаҳои нитрогендор ҳастанд. Ба кӯдакони хурдсол аз якуним моҳагӣ сар карда А.-и себ, қоти сиёҳ, ангур, сабзӣ ва аз се –сеюним солагӣ А.-и олу, олуча, зардолу, тамашк (малина) ва помидор додан мумкин. А.-и себ, сабзӣ ва карамро бо диг. А.-ҳо омехтан мумкин нест. Барои пешгирӣ намудани ихтилоли ҳозима ба кӯдакон А.-ро дар рӯзҳои аввал кам-кам медиҳанд (одатан рӯзи аввал 2 – 3 чакра, рӯзи дуюм 5 – 6 чакра ва ғ.). Дар нимсолаи аввал ба кӯдак ҳар рӯз то 50 мл, баъд 60 – 80 мл додани А. тавсия шудааст. Агар истеъмоли А. боиси дарунравии кӯдак гардад, ба ӯ танҳо А.-и лиму ва агар қабзиятро ба вуҷуд оварад, А.-и сабзӣ ва афлесун медиҳанд. А.-ро ба кӯдак фақат баъд аз истеъмоли хӯрок бояд дод, вагарна он иштиҳоро мебандад. Ҳангоми ба кӯдак додани А.-ҳои қулфинай ва шоҳтути заминӣ боэҳтиёт будан зарур аст, зеро онҳо боиси диатез мешаванд (ниг. низ Ширинча). Аз А.-и мева моқут (кисел) ва полуда (желе) тайёр кардан осон аст.
А.-ро чун ғизои шифобахш низ истеъмол мекунанд. Ба бемороне, ки гирифтори гастрит буда, туршии шираи меъдаашон паст аст, А.-и турш (А.-и себ, карам, олуча, помидор) медиҳанд. Ҳангоми баланд будани туршии шираи меъда истеъмоли А.-и ширин (А.-и зардолу, қулфинай, тамашк, ангур) тавсия мешавад. Бо мақсади муолиҷа А.-ро барои ҳар бемор духтур муайян мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …