Главная / Илм / АХИЛИЯ

АХИЛИЯ

ahiliya-360x200АХИЛИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. chylós – шира), дар таркиби шираи меъда мавҷуд набудани кислотаи хлорид ва ферменти пепсин. А. узвӣ ва вазоифӣ мешавад. Ҳангоми А.-и узвӣ бофтаҳои ғадуди меъда табоҳ шуда, меъда шира ҷудо карда наметавонад. А. бемории луобпардаи меъда (атрофияи ғадуди меъда) ё зуҳуроти диг. бемориҳо (сил, баъзе хелҳои камхунӣ ва ғ.) аст. А.-и вазоифӣ дар натиҷаи осебҳои шадиди асабию рӯҳӣ, таъсири моддаҳои заҳрнок ва ғ. сар мезанад. Ҳангоми он кори ғадудҳои ҳазми хӯрок муваққатан суст мешавад. Аломати асосии А. бад шудани ҳазми хӯрок аст, ки дар натиҷа гоҳ-гоҳ исҳол рух менамояд.
Бартараф намудани сабабҳои пайдоиши А., истеъмоли хӯрокҳои хушҳазм, шираи меъда, витамини С барои муолиҷаи А. аҳамияти калон доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …