БРОНХҲО (аз юн. bronchos – хирной, хикиртак), шохаҳои нои нафаскашӣ, ки ҳаворо ба шуш мебаранд. Ду бронхи асосӣ – рост (калонтар) ва чап (хурдтар) ба шуш даромада, ба шохаҳои калону хурд тақсим мешаванд. Ҳар шоха дар навбати худ ба алвеолаҳо ворид мегардад. Б. дар маҳалли миёндевори сина бо рагҳои бузург вомехӯранд; аз болои бронхи чап камони аорта, аз бронхи рост венаи тоқа мегузарад. Б. асосан аз нимҳалқаҳо ва фалсҳои тағоякӣ иборат буда, бо мушакҳои суфта таъмин гардидаанд; онҳо аз дарун бо пардаи луобӣ ва эпителий фаро гирифта шудаанд. Бо ҷунбидани мижгонакҳои эпителий ҷисмҳои бегонаи ба роҳи нафас афтода берун бароварда мешаванд. Дар қабати зерпардаи луобӣ ғадудҳои луоббарор ва ҳубобчаҳои лимфавӣ воқеъ гаштаанд. Б.-ро аз берун бофтаи пайвандӣ иҳота мекунад, ки тавассути он рагҳои хун ва лимфа мегузаранд.
Ниг. низ Бронхит, Бронхография, Бронхолитиаз, Бронхоскопия, Бронхостеноз, Бронхоэктаз.
КЛ
Шоха рондани бронхҳо дар шуш (нақша): 1 – хирной; 2 – бронхҳои асосӣ; 3 – ҳиссаи бронхҳо; 4 – бронхҳои банддор; 5 – ҳиссачаҳои шуш; 6 – атсинус; 7 – ҳиссаи поёни бронхи рост; 8 – банди шуш.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …