Главная / Гуногун / Бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон

Бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон

Бозори истеъмолии Тоҷикистон. Гардиши савдои чакана нишондиҳандаи асосии баҳодиҳии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор рафта, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои  фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳаи савдо ва хизматрасонӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Татбиқи ислоҳоти бомароми барномаҳои давлатӣ дар самти истеҳсолоти воридотивазкунанда имкон дод, ки бахшҳои алоҳидаи истеҳсолоти дохилии мамлакат талаботи бозори истеъмолиро бо молҳои асосии озуқаворӣ таъмин намояд ва рушди соҳаи савдо дар сатҳи назаррас таъмин гардад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018 ҳаҷми умумии гардиши савдо 18868,7 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Гардиши савдои чакана 15053,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳаҷми гардиши савдои чакана вазни хоси молҳои озуқаворӣ 49,6 фоиз ва ғайриозуқаворӣ 50,4 фоиз мебошанд.

Мехргон

Дар ин давра баландшавии суръати рушд асосан аз ҳисоби фурӯши сӯзишворӣ 43,5 фоиз, фурӯши воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии он 2,3 баробар, фурӯши чорво 4,7 фоиз, молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ дар бозорҳо ва мағозаҳо 278,6 млн. сомонӣ ва хизматрасониҳои техникӣ ва таъмири автомобилҳо 26,0 млн. сомонӣ ба амал омадааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2018-ум 8791,5 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз зиёд шудааст.

Суръати рушд асосан аз ҳисоби зиёдшавии хизматрасонии маориф 11,8 фоиз, нақлиёти мусофирбарӣ 0,1 фоиз, хизматрасонии тиббӣ 23,6 фоиз, алоқа 4,2 фоиз, бонкӣ 16,6 фоиз ва коммуналӣ 4,2 фоиз ба миён омадааст.

Аз ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пулакӣ 92,7 фоиз ё 8153,5 млн. сомонӣ нисбат ба аҳолии кишвар расонида шудааст, ки нисбат ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 98,6 фоизро ташкил додааст.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар давраи ҳисоботӣ 803,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 5,8 фоиз зиёд аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …