Главная / Гуногун / Бозори истеъмоли дар Точикистон

Бозори истеъмоли дар Точикистон

Бозори истеъмолии Точикистон. Гардиши савдои чакана нишондихандаи асосии баходихии сатху сифати зиндагии ахоли ба шумор рафта, Хукумати чумхури барои  фарохам овардани шароити мусоиди рушди сохаи савдо ва хизматрасони пайваста тадбирхои мушаххас меандешад.

Татбики ислохоти бомароми барномахои давлати дар самти истехсолоти воридотивазкунанда имкон дод, ки бахшхои алохидаи истехсолоти дохилии мамлакат талаботи бозори истеъмолиро бо молхои асосии озукавори таъмин намояд ва рушди сохаи савдо дар сатхи назаррас таъмин гардад.

Дар моххои январ-сентябри соли 2018 хачми умумии гардиши савдо 18868,7 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 15,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Гардиши савдои чакана 15053,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 7,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Кайд кардан зарур аст, ки дар хачми гардиши савдои чакана вазни хоси молхои озукавори 49,6 фоиз ва гайриозукавори 50,4 фоиз мебошанд.

Мехргон

Дар ин давра баландшавии суръати рушд асосан аз хисоби фуруши сузишвори 43,5 фоиз, фуруши воситахои наклиёт ва кисмхои эхтиётии он 2,3 баробар, фуруши чорво 4,7 фоиз, молхои озукавори ва гайриозукавори дар бозорхо ва магозахо 278,6 млн. сомони ва хизматрасонихои техники ва таъмири автомобилхо 26,0 млн. сомони ба амал омадааст.

Хачми хизматрасонии пулаки дар хамаи сохахои хизматрасони дар моххои январ-сентябри соли 2018-ум 8791,5 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 2,0 фоиз зиёд шудааст.

Суръати рушд асосан аз хисоби зиёдшавии хизматрасонии маориф 11,8 фоиз, наклиёти мусофирбари 0,1 фоиз, хизматрасонии тибби 23,6 фоиз, алока 4,2 фоиз, бонки 16,6 фоиз ва коммунали 4,2 фоиз ба миён омадааст.

Аз хачми умумии хизматрасонихои пулаки 92,7 фоиз ё 8153,5 млн. сомони нисбат ба ахолии кишвар расонида шудааст, ки нисбат хамин давраи соли гузашта бо нарххои мукоисави 98,6 фоизро ташкил додааст.

Хачми хизматрасонии мехмонхонахо ва тарабхонахо дар давраи хисоботи 803,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта бо нарххои мукоисави 5,8 фоиз зиёд аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …