Главная / Илм / БОРЗАД

БОРЗАД

potentillaБОРЗАД (Potentilla), пойзоғ, панҷагул, гиёҳест бисёрсола. Пояаш хазанда (дарозиаш 8 – 50 см), бандҳояш решадор. Баргҳои бехаш панҷашакл, баргчаҳояш байзашакли дарозрӯя. Гулаш калони тиллоранг. Давраи гулшукуфташ май – авг.; тухмаш авг. мепазад. Дар бешазори гармсер ва паҳнбарг, дар қади ҷӯйҳо, соҳили дарё, марғзори мавзеъҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 600 – 2100 м аз с. б.) мерӯяд.
Б. гиёҳи доруии маъмул аст. Бо мақсади табобат поя, барг ва гули онро истифода мебаранд. Решаи Б.-ро баҳорон ва тирамоҳ, баргу пояашро моҳҳои июн – июл меғундоранд. Дар таркиби Б. ба миқдори зиёд моддаҳои даббоғӣ ва витамини С мавҷуд аст.
Абӯалии Сино бо ҷӯшоби решаи панҷагул захмҳои гуногун, табхол, сарсом ва ҷарабро табобат мекард, илтиҳоби асаб ва истисқои хояро тарбандӣ менамуд. Бо ҷӯшоби решаи Б. ғарғара кардани даҳон дарди дандонро таскин мебахшад. Шираи решаи он давои дарди ҷигар ва зардпарвин аст.
Сокинони таҳҷоӣ ҷӯшоби реша ва бехи онро чун давои хунбанд, инчунин барои табобати дарди меъда истифода мебаранд. Чойи «алаф»-и Б.-ро ҳангоми хуншории вораҳо, касалии гулӯ, илтиҳоби роҳҳои болоии нафас, заъфи меъда ва исҳоли хунин менӯшанд. Сокинони болооби д. Зарафшон ҷӯшоби Б.-ро дар мавриди зардпарвин, гулӯзиндонак, дарди шикам, дарунравӣ истеъмол мекунанд. Бо ин мақсад 1 қошуқ реша ва алафи хушки онро 1 – 2 соат дар 1 истакон оби ҷӯш тар карда мемонанд. Сипас даворо полонда рӯзе 3 – 4 маротиба 1-қошуқӣ меошоманд.
Дар амалияи тибби муосир ҷӯшоби решаи Б. ҳангоми бемориҳои илтиҳобии узвҳои ҳозима, ки боиси дарунравӣ мегарданд (энтерит, энтероколит, диспепсия), илтиҳоби ҷавфи даҳон (стоматит, гингивит) ва амрози пӯст тавсия дода мешавад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …