Главная / Илм / БЕМОРИИ ПАСТФИШОРӣ

БЕМОРИИ ПАСТФИШОРӣ

pastfishoriБЕМОРИИ ПАСТФИШОРӣ (Morbi decompressionales), бемории декомпрессиявӣ, ҳолати беморие, ки бинобар якбора ва ниҳоят паст шудани фишори муҳит ба вуҷуд меояд; бештар ғаввосон (ҳангоми ба қаъри баҳр фуруд омадан), лётчикҳо, кессончиён (одамоне, ки бо камераҳои обногузар сару кор доранд) гирифтор мешаванд. Сараввал дар аснои баланд будани фишори муҳит (мас., атмосфера) дар бофтаҳои организм, аз ҷумла хун, миқдори нитроген хеле меафзояд. Агар ҳангоми фишори муқаррарии атмосферӣ дар 100 мл хун ҳамагӣ қариб 1 мл нитроген ҳал шуда бошад, дар сурати 3 атм будани фишор 3 мл нитроген ҳал мешавад. Нитрогенро ҷаббидани бофтаҳо дар мавриди баланд будани фишори муҳит оғоз ёфта, то баробар шудани фишори худи нитроген дар бофтаҳо ва берун аз онҳо давом мекунад. Аз нитроген сер шудани бофтаҳо ҳангоми чунин фишоре, ки дар аснои он ба лётчик, ғаввос, кессончӣ (зимни риояи қоидаҳо) кор кардан лозим меояд, ба организм таъсири нохуш намерасонад. Вале агар фишор баланд (4 атм ва зиёдтар) бошад, таҳаюҷ, фиреби эҳсос, заъфи хотира, ихтилоли ҳуш ва ғ. рух хоҳанд намуд. Дар фишори 10 атм одам беҳуш мешавад. Дар мавриди аз доираи фишори баланд ба доираи фишори мӯътадил гузаштан, ҳубобчаҳои нитроген аз бофтаҳои организм баромада ба хун мегузаранд ва аз шуш ҷудо мешаванд. Рагҳои майдаи хунгардро бастани газ сабаби бевоситаи Б. п. мебошад. Он ҳангоми аз нитроген ниҳоят сер гаштани хун ба амал омада, ба воситаи шуш дур кардани нитроген имконнопазир мегардад. Ҳарорати паст низ ба бофтаҳои организм таъсири манфӣ мерасонад, гардиши мӯътадили хунро вайрон мекунад.
Нишонаҳои маризӣ дар давоми як соати аввали баъди аз доираи фишори баланд баромадан ба вуҷуд меоянд. Бемор ба хориши пӯст, осеби устухону мушак ва иллати бандҳо гирифтор мешавад. Дар 85 – 90 фисади ҳолатҳо бофтаҳо варам мекунанд. Ҳини иллати узвҳои асаб чарх задани сар, беҳушӣ, қай, сустӣ ва нимфалаҷ рӯй медиҳад. Баста шудани роҳи рагҳои майнаю дил бо фавти бемор меанҷомад.
Пешгирӣ: риоя тартиби дурусти аз фишори баланд ба фишори паст гузаштан, назорати асбобу анҷоми махсусе, ки ғаввосон, кессончиён, лётчикҳо истифода мебаранд; назорати мунтазами саломатии онҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …