Главная / Илм / БАНДИ ОРИНҶ

БАНДИ ОРИНҶ

bandi-orinjБАНДИ ОРИНҶ (Articulatio cubiti), пайванди байни устухони бозу ва устухонҳои соид. Онро бандҳои китфу оринҷ (қат ва рост шудан), китфу соид (қат ва рост шудан, ҳамчунин тоб хӯрдани устухони соид) ва банди проксималии соиду оринҷ (тоб хӯрдани устухони соид, чап ва рост кардани кафи даст) ба вуҷуд меоранд. Ҳар сеи банд дар як халтаи умумӣ ҷой гирифтаанд. Ҷавфи банд аз камераҳои пеш ва қафо иборат буда, онҳо бо роғҳои танг байни ҳамдигар алоқа доранд. Дар мавзеи тамоси пайҳои мушаки китф ва Б. о. халтаҳои зулолӣ ҷой гирифтаанд.
КЛ
Расми 1. Банди оринҷ (намуд аз пеш): 1 – ғилофаки банд; 2 – бандаки канории оринҷ; 3 – тори каҷ; 4 – устухони оринҷ; 5 – устухони соид; 6 – пайи мушаки дусараи китф (бурида шудааст); 7 – бандаки доирашакли устухони соид; 8 – бандаки канории соид; 9 – устухони китф.
Расми 2. Банди оринҷ (бурида шудааст): 1 – устухони китф; 2 – ҷавфи банд; 3 – ғилофаки банд; 4 – шохачаи оринҷ; 5 – устухони оринҷ; 6 – устухони соид; 7 – шохачаи чанбарак; 8 – тағояки банд; 9 – блоки устухони китф.

С.С. Қурбонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …