БАЛЛИСТОКАРДИОГРАФИЯ (аз юн. ballo – партофтан, kardia – дил, grapho – навиштан), усули тадқиқи қобилияти кашиши мушакҳои дил. Бо роҳи қайд намудани ҷойивазкунии механикии тан, ки ҳангоми аз дил ба аорта ва артерияи шуш партофтани хун ба вуҷуд меояд, амалӣ гардонда мешавад. Б. тавассути асбоби махсус – баллистокардиограф амалӣ ва дар шакли баллистокардиограмма (дар вақти бемориҳои дил тағйир меёбад) сабт мегардад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …