Илова аз мавридҳои дар боло зикршуда, дар чанд ҷои дигар низ метавон азон гуфт:
- Ҳангоми вуқӯи оташсӯзӣ.
- Ҳангоми хашму нороҳатӣ.
- Ҳар гоҳ мусофир роҳашро гум кунад.
- Ҳар гоҳ шахсе дучори сардард гардад.
Бинобар ин таҳти унвони муолиҷа дар ин мавкеъҳо азон гуфтан хуб аст.
Дар «Имдоду-л-фатово» омадааст, ки дар мавоқеъи зер азон гуфтан суннат мебошад:
- Барои намоз.
- Дар гӯши тифл ҳангоми ба дунё омадан.
- Ҳангоми оташсӯзӣ.
- Ҳангоми муҳориба бо куффор.
- Ҳар гоҳ ба дунболи шахси мусофир шаётине зоҳир бишаванд ва ӯро битарсонанд.
- Ҳангоми ғаму андӯҳ.
- Ҳар гоҳ инсон ва ё ҳайвони тарсноку хатарноке зоҳир шавад.
Инҳоро муаллифи «Радду-л-мухтор» дар китобаш зикр намудааст.