Главная / Anvar (страница 12)

Anvar

darksider_5@mail.ru

МАРИХУАНА

marihuana

МАРИХУАНА (Cannabis sativa), як навъ растанӣ. Солҳои пеш аз он нах ва равған мегирифтанд. Аз нахи М. арғамчин, либос ва ҷиҳози киштӣ тайёр карда мешуд. Хосиятҳои нашъаоварии М. баъди аз ҷониби америкоиён кашф шудани таъсири рӯҳгирои он муқаррар гашт. Аз авв. а. 20 М.-ро ба сифати маводи мухаддир истифода мебурдагӣ …

Муфассал »

МАРКАЗИ САЛОМАТӣ

salomati

МАРКАЗИ САЛОМАТӣ, муассисаи табобатию профилактикӣ. М. с. ба беморон дар хона низ ёрии тиббӣ расонда, тадбирҳои пешгирӣ ва диспансеронӣ меандешад. М. с. бо зиёд будани адади духтурон аз амбулатория фарқ мекунад. Марказҳои саломатие мавҷуданд, ки мустақил ё бо беморхонаҳо якҷоя амал мекунанд. Вобаста ба миқдори аҳолие, ки ба он хизмат …

Муфассал »

МАРМИНҶОН

marminjon

МАРМИНҶОН, мармиҷон, буттаест хазонрез, баъзан ҳамешасабз. М. пояю шохи серхор, барги сербаргчаи мураккаб, себарга ё панҷашакли думчааш дароз, гули дуҷинса, баъзан якҷинсаи сафед, сурх, гулобӣ ва «ғуҷуммева» дорад. Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯйи он (Rubus caesius, R. turkestanica) месабзад. Асосан аз доманаи кӯҳ то баландкӯҳҳо, дар соҳили дарё, канал, чашмасор, …

Муфассал »

Пайғамбаре ояд ба хобат : Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

prorok

Меъроҷиддини Камол менависад: Замоне, ки туӣ дар хоби роҳат, Ягон пайғамбаре ояд ба хобат. Нишонаш порсоиву биҳиштӣ, Ду дунёи ту бошад бо фароғат.

Муфассал »

Пиёз : Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

piez

Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хоб агар бинӣ пиёз Дар назди марди бениёз. Таъбир, бо моли ҳаром Фардо бигардӣ сарфароз. Баъзе суханҳои қабеҳ Бар ту расад бар ҷои ноз. Гоҳе пушаймон мешавӣ Аз корҳои карда боз.

Муфассал »

Пашша : Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

pasha

Меъроҷиддини Камол менависад: Пашша худ, к-аз хирагони олам аст, Дар ҳама давру замон бо одам аст. Гар ба хобат бинӣ онро, хайр кун, Чунки рамзи нотавониву ғам аст.

Муфассал »

Шукуфтани гулҳо: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

gulho

Меъроҷиддини Камол менависад: Агар дар хоб бинӣ пуштаҳову марғзоронро, Шукуфтанҳои гулҳои базеби навбаҳоронро, Нишонаш молу ҳолу қуввату дармони ту бошад, Худо такрор созад бар ту дидан хоби ёронро.

Муфассал »

МАРҲАМ

marham

МАРҲАМ, навъе аз даво. Асоси М.-ҳоро равған (вазелин, ланолин, чарбуи хук ва ғ.) ва моддаҳои гуногуни доруӣ (ихтиол, сулфур, дерматол, дёгт, кислотаи салитсилат ва ғ.) ташкил медиҳанд. Таъсири М.-ҳо нисбат ба хамираҳо амиқтар аст. Хусусан М.-ҳое, ки дар асоси давоҳои гуногуни синтезӣ таҳия шудаанд, бештар истифода мегарданд; онҳо ба пӯст …

Муфассал »

МАРҶУМАК

grechka

МАРҶУМАК (Fagopyrum sagittatum), гречка, зироатест маъмул. Пояаш сершохчаи сурхтоб, баландиаш 15 – 100 см. Баргаш секунҷаи найзашакл, гулаш гулобӣ ё гулобии сафед, хушбӯй, гултӯдааш хӯшашакл, мевааш чормағзаки сеқирра. М.-ро ҳанӯз 4 ҳаз. сол пеш кишт мекарданд. Дони М. 10 – 12% сафедаи хушҳазм, 60 – 80% оҳар, 2,5 – 3% …

Муфассал »