Главная / Илм / МАРИХУАНА

МАРИХУАНА

marihuanaМАРИХУАНА (Cannabis sativa), як навъ растанӣ. Солҳои пеш аз он нах ва равған мегирифтанд. Аз нахи М. арғамчин, либос ва ҷиҳози киштӣ тайёр карда мешуд. Хосиятҳои нашъаоварии М. баъди аз ҷониби америкоиён кашф шудани таъсири рӯҳгирои он муқаррар гашт. Аз авв. а. 20 М.-ро ба сифати маводи мухаддир истифода мебурдагӣ шуданд.
Аз М. ду намуд моддаи мухаддир – «марихуана» ва «гашиш» истеҳсол мекунанд. Барои «марихуана» шохчаҳои қисми болои растаниро гирифта мехушконанд. «Гашиш»-ро аз гарди қатроне, ки растанӣ барои муҳофизат аз гармӣ ва офтоб, ҳамчунин барои бухор нашудани об ҳосил мекунад, ба даст меоранд.
«Марихуана» барои саломатӣ зарари ниҳоят калон дорад. Он ба қобилияти тафаккур таъсир расонда, ҳофизаро заиф месозад, боиси тағйироти сохторӣ ва вазифавии мағзи сар мегардад, барои пайдоиши бемориҳои бронхит, фарингит, синуситҳо, саратони шуш мусоидат мекунад, кори дилро номураттаб сохта, фишори хунро баланд менамояд, ба фаъолияти ҷинсӣ ва инкишофи ҷанин таъсири заҳрогин мерасонад. Истифодаи дуру дарози «марихуана» оқибат бо марги бемаҳал анҷом мепазирад.
лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …