Главная / Илм / МАРМИНҶОН

МАРМИНҶОН

marminjonМАРМИНҶОН, мармиҷон, буттаест хазонрез, баъзан ҳамешасабз. М. пояю шохи серхор, барги сербаргчаи мураккаб, себарга ё панҷашакли думчааш дароз, гули дуҷинса, баъзан якҷинсаи сафед, сурх, гулобӣ ва «ғуҷуммева» дорад. Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯйи он (Rubus caesius, R. turkestanica) месабзад. Асосан аз доманаи кӯҳ то баландкӯҳҳо, дар соҳили дарё, канал, чашмасор, замини партов, боғу киштзор ва ғ. (дар баландии 600 – 3000 м аз с. б.) мерӯяд.
М. чун мева ва дорувор ҳанӯз дар а. 1 то м. маълум буд. Бо мақсади табобат мева, барг ва решаи М. кор фармуда мешавад. Меваи онро баъди пухта расидан, баргашро дар вақти гулшукуфт ва решаашро тирамоҳ меғундоранд. Аз меваи он нӯшокиҳои гуногун (май, компот ва ғ.), мураббо, ҷем, мармелад ва ғ. тайёр мекунанд; барои тархӯрӣ низ истифода мешавад. Дар тибби халқӣ меваи онро давои иллати узвҳои ҳозима, илтиҳоби шуш ва давои хунбанд медонанд. Барги М. – ро бихоянд решҳои милки дандон, сустии милк, пухтан ва бадбӯии даҳан ва ҷароҳатҳои нави онро шифо мебахшад. Хоидани меваи пухтаи он низ чунин таъсир дорад. Оби барг ва пояи тару тозаи онро бо андак шилми бодом даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад, қай кардани хунро манъ мекунад, исҳолро мебандад. Решаашро кӯфта чун талқон бо об бихӯранд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Бо ин мақсад як қошуқ (10 – 20 г) барги хушк ё решаи майдакардаи онро ба як истакон (200 г) оби гарм андохта, дар оташи паст 15 – 30 дақ. меҷӯшонанд; рӯзе 3 – 4 маротиба 1 – 2 чумчагӣ пеш аз хӯрок ошомидан лозим. Оби меваи М. – ро дар офтоб ғафс гардонида бимоланд, решҳои тарро хушк мекунад, равон шудани римро бозмедорад. Табибони халқӣ марминҷончойро барои табобати гастрит, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, энтероколити музмин, бемориҳои ҷигар, холесистит, систит, пиелит, грипп, ангина, пневмония, стоматит, домана ва ғ. тавсия медиҳанд. Истеъмоли он хоса барои кӯдакон нафъи бисёр дорад. Дар тибби муосир меваи хушки М. ҳамчун давои арақрон, тақвиятбахши кори рӯдаҳо ва исҳоловар тавсия мешавад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Х о д ж и м а т о в М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Нуралиев Ю. Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …