Главная / Илм / АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АҶАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ

АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АҶАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ

jrldeg79xjsa7ruamschx9ee2dkzui5d«АТ-ТАСРИФ ЛИ МАН АҶАЗА АНИ-Т-ТАЪЛИФ», асари ҷарроҳи маъруфи андалусӣ Абулқосим Халаф ибни Аббос аз-Заҳровӣ (936 – 1036). Китоб аз сӣ мақола иборат буда, се мақолаи он ба масъалаҳои тиббӣ ва боқимонда ба масъалаҳои дорушиносӣ бахшида шудаанд. Муаллиф дар мақолаи якум дар баёни ғарази таълиф, муҳтавиёти китоб ва дар бораи умури табиии маъруф сухан ронда, дар мақолаи дуввум бемориҳо ва роҳҳои муолаҷаи онҳоро баён кардааст. Мақолаи ахир (сеюм) оид ба ҷарроҳӣ ва мақолаи аз ҳама машҳури китоб буда, баъд аз тарҷима шуданаш ба забони лотинӣ муаллиф ҳамчун ҷарроҳ дар Аврупо шӯҳрат пайдо намуд ва дар радифи Розӣ ва Ибни Сино қарор гирифт. Бисту ҳафт мақолаи боқимонда оид ба навъу шакли доруҳо ва масъалаҳои марбут ба дорушиносӣ мебошанд. Китоб с. 1778 бо тарҷумаи лотинии он дар Оксфорд ба табъ расидааст.
Ад.: «Абҳосу-н-надвати-л-оламияти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ҷ. 1, Ҳалаб, 1977.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …