Главная / Илм / АРРОФӣ

АРРОФӣ

medicina-magico-religiosa-impiricaАРРОФӣ (Medicina empirica vanditatio praestiga), табибтарошӣ, ба муолиҷа машғул шудани шахсони маълумоти тиббӣ надошта, аксар ҷоҳил, ки усулҳои табобати аз ҷиҳати илмӣ беасос ва аксар барои ҳаёти беморон пурхавфро ба кор мебаранд.
А. ҳанӯз дар ибтидои тараққиёти ҷамъияти инсонӣ ба вуҷуд омада дар он оҷизии мардум дар назди қувваҳои табиат инъикос ёфтааст. Дар аввал А. аз тибби халқӣ фарқ надошт. Баъзе дорую дармоне, ки аррофон ба кор мебурданд, дар оянда асоси ботаникаи тиббӣ, зоологияи тиббӣ, илми илоҷ (терапия) ва балнеология (гармобашиносӣ)-и бисёр халқҳо гардиданд. Мардум дар вақти ба мушкилоти зиндагию ҷамъиятӣ дучор омадан, ба арроф рӯ оварда, аз ӯ маслиҳат мепурсиданд. Аммо бо мурури замон истеъдоди барҷастаи баъзе аррофон мавриди истифодаи дину оин гашт. Худи аррофон ҳам аз паи ба манфиати хеш истифода бурдани вазифа буданд. Ҳамин тариқ, А. ногузир ба ҳунар, ба воситаи сарватғундорӣ табдил меёфт. Ибораҳое, ки дар китобҳои қадима дучор меоянд, мас., «сеҳргар», «соҳир», «фолбин», «ғайбгӯй», «эмчӣ» ва ғ. бо андаке тобишҳо як маъно доранд ва муродифи арроф, яъне табибтарош мебошанд.
Дар ҳар давраи тараққиёти ҷамъияти инсонӣ шаклу мазмун ва намудҳои А. хеле тағийр меёфт. А. дар тибби ҷаҳони муосир низ ҷой дорад (бештар дар мамолики рӯ ба тараққӣ паҳн шудааст). Зуҳуроти А. вобаста ба дараҷаи ҳифзи тандурустӣ, шароиту хусусиятҳои ҷуғрофӣ, халқият, анъанаҳои зиндагӣ, савияи маданияти умумӣ, дараҷаи интишори ақидаҳои динӣ гуногун мешавад. Аррофон ҳамчун воситаи табобат аз гиёҳу минералҳо ва бофтаю узви ҳайвонот истифода мебаранд.
А. ҳодисаи манфӣ, урфу одати кӯҳна ва яке аз боқимондаҳои зарарноки замони гузашта маҳсуб меёбад. Ҳарчанд аррофон воситаҳои маъмул ва дар тибби халқӣ машҳурро ба кор баранд ҳам, онро дастгирӣ кардан нашояд. Зеро ба «кӯмак»-и аррофон рӯ оварда, вақтро аз даст додан мумкин аст. Дар ин муддат бемории ба назар сабук метавонад ба дарди пурхавфи музмин ва ҳатто марговар табдил ёбад. Дар таҷрибаи тибби судӣ бисёр ҳодисаҳои марги ногаҳонӣ дучор омадаанд, мас., фавтидани бемор аз кузоз, ки сабаби он бо гил пур кардани ковокии дандони кирмхӯрда буд; марги бемор аз сепсис (уфунати тамоми бадан), ки дар натиҷаи бо тори тортанак печондани ҷои захм (гӯё хунравиро қатъ мекардааст) сар задааст; марги ногаҳонӣ аз бемории ҳорӣ, ки маризро ба ҷои моякӯбӣ дуохонӣ кардаанд. Махсусан кӯшиши аррофон дар бобати муолиҷаи бемориҳои гузаранда ва таваллуди оризанок барои одамон пурхатар аст.
Вақтҳои охир аррофон бо суханбозиҳои илмӣ ҷаҳолати худро пинҳон карданӣ мешаванд. Арроф тарзу усулҳои тиббиро кӯр – кӯрона ва ноӯҳдабароёна ба кор мебарад, табобатро ба фиреби дағалу ношоиста ва ҳатто ҷиноӣ табдил медиҳад. Аррофон сирру асрори таркиби доруҳои худ ва тарзи тайёр кардани онҳор аз дигарон пинҳон медоранд, бисёр вақт ҳангоми ҷарроҳӣ асбобҳои содаи дастисохтро истифода мекунанд. Ба аррофон экстрасенсҳо ва диг. табибтарошоне, ки маълумоти тиббӣ надоранд, наздиканд.
Касоне, ки маълумоти тиббӣ надошта ба кори табобат даст мезананд аз рӯи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар хотир доштан лозим, ки рӯ овардан ба кӯмаки аррофон оқибати бад дорад ва ҳаётро зери хавфу хатар мегузорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …