Главная / Илм / АРРОФи

АРРОФи

medicina-magico-religiosa-impiricaАРРОФи (Medicina empirica vanditatio praestiga), табибтароши, ба муолича машгул шудани шахсони маълумоти тибби надошта, аксар чохил, ки усулхои табобати аз чихати илми беасос ва аксар барои хаёти беморон пурхавфро ба кор мебаранд.
А. хануз дар ибтидои тараккиёти чамъияти инсони ба вучуд омада дар он очизии мардум дар назди куввахои табиат инъикос ёфтааст. Дар аввал А. аз тибби халки фарк надошт. Баъзе дорую дармоне, ки аррофон ба кор мебурданд, дар оянда асоси ботаникаи тибби, зоологияи тибби, илми илоч (терапия) ва балнеология (гармобашиноси)-и бисёр халкхо гардиданд. Мардум дар вакти ба мушкилоти зиндагию чамъияти дучор омадан, ба арроф ру оварда, аз у маслихат мепурсиданд. Аммо бо мурури замон истеъдоди барчастаи баъзе аррофон мавриди истифодаи дину оин гашт. Худи аррофон хам аз паи ба манфиати хеш истифода бурдани вазифа буданд. Хамин тарик, А. ногузир ба хунар, ба воситаи сарватгундори табдил меёфт. Иборахое, ки дар китобхои кадима дучор меоянд, мас., «сехргар», «сохир», «фолбин», «гайбгуй», «эмчи» ва г. бо андаке тобишхо як маъно доранд ва муродифи арроф, яъне табибтарош мебошанд.
Дар хар давраи тараккиёти чамъияти инсони шаклу мазмун ва намудхои А. хеле тагийр меёфт. А. дар тибби чахони муосир низ чой дорад (бештар дар мамолики ру ба таракки пахн шудааст). Зухуроти А. вобаста ба дарачаи хифзи тандурусти, шароиту хусусиятхои чугрофи, халкият, анъанахои зиндаги, савияи маданияти умуми, дарачаи интишори акидахои дини гуногун мешавад. Аррофон хамчун воситаи табобат аз гиёху минералхо ва бофтаю узви хайвонот истифода мебаранд.
А. ходисаи манфи, урфу одати кухна ва яке аз бокимондахои зарарноки замони гузашта махсуб меёбад. Харчанд аррофон воситахои маъмул ва дар тибби халки машхурро ба кор баранд хам, онро дастгири кардан нашояд. Зеро ба «кумак»-и аррофон ру оварда, вактро аз даст додан мумкин аст. Дар ин муддат бемории ба назар сабук метавонад ба дарди пурхавфи музмин ва хатто марговар табдил ёбад. Дар тачрибаи тибби суди бисёр ходисахои марги ногахони дучор омадаанд, мас., фавтидани бемор аз кузоз, ки сабаби он бо гил пур кардани ковокии дандони кирмхурда буд; марги бемор аз сепсис (уфунати тамоми бадан), ки дар натичаи бо тори тортанак печондани чои захм (гуё хунравиро катъ мекардааст) сар задааст; марги ногахони аз бемории хори, ки маризро ба чои моякуби дуохони кардаанд. Махсусан кушиши аррофон дар бобати муоличаи беморихои гузаранда ва таваллуди оризанок барои одамон пурхатар аст.
Вактхои охир аррофон бо суханбозихои илми чахолати худро пинхон кардани мешаванд. Арроф тарзу усулхои тиббиро кур – курона ва ноухдабароёна ба кор мебарад, табобатро ба фиреби дагалу ношоиста ва хатто чинои табдил медихад. Аррофон сирру асрори таркиби дорухои худ ва тарзи тайёр кардани онхор аз дигарон пинхон медоранд, бисёр вакт хангоми чаррохи асбобхои содаи дастисохтро истифода мекунанд. Ба аррофон экстрасенсхо ва диг. табибтарошоне, ки маълумоти тибби надоранд, наздиканд.
Касоне, ки маълумоти тибби надошта ба кори табобат даст мезананд аз руи конун ба чавобгари кашида мешаванд. Дар хотир доштан лозим, ки ру овардан ба кумаки аррофон окибати бад дорад ва хаётро зери хавфу хатар мегузорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …