Главная / Илм / АНТИГЕНҲО

АНТИГЕНҲО

antigeniАНТИГЕНҲО (аз анти… ва юн. gennao – ба вуҷуд овардан), подзоҳо, моддаҳои табиаташон бегонаи органикӣ, ки мавриди ба организм фиристодан (на аз роҳи аъзои ҳозима), сафедаҳои махсус – подтанҳо ҳосил карда, бо онҳо таъсири тарафайн барқарор менамоянд. А. фақат бо ҳамон подтанҳое пайваст мешаванд, ки зери таъсири худи онҳо ба вуҷуд омадаанд. Сафедаҳо, полипептидҳо, гликолипидҳо ва полисахаридҳо (бо ном А.-и комил) хосияти антигенӣ зоҳир мекунанд. А. дар ташхиси бемориҳои сироятӣ фаровон корбаст мешаванд. Дар баробари А.-и комил ҳамчунин А.-и нокомил низ вуҷуд доранд, мас., гаптенҳо, ки бо подтанҳои дахлдор таъсир расонанд ҳам, онҳоро ҳосил карда наметавонанд. Гаптенҳо дар сурати ба онҳо илова кардани сафеда ба А.-и комил табдил меёбанд. Баъзе моддаҳои ноорганикӣ, аз ҷумла доруҳо (антипирин, хинин ва ғ.), ҳангоми ба организм ворид шудан бо сафедаҳои он пайваст гашта, хосияти А.-ро касб мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …