Главная / Илм / АНТИБИОТИКҲО

АНТИБИОТИКҲО

antibiotikhoАНТИБИОТИКҲО (Antibiotica; аз анти… ва юн. bios – ҳаёт), моддаҳое, ки маҳсули фаъолияти микроорганизмҳо, ҳайвонот ва растанӣ буда, рушд ва афзоиши намудҳои гуногуни микробҳоро бозмедоранд.
А-ҳои 15 – 16 дар тибби халқӣ ҳангоми муолиҷаи ҷароҳати мадданок аз мағори сабз истифода мебурданд. С. 1929 микробиологи англис А. Флеминг дар асоси таълимот оид ба антибиоз (зиддияти байни намудҳои алоҳидаи микроорганизмҳо), ки дар ривоҷи он олимон Л. Пастер ва И.И. Мечников саҳми калон гузоштанд, муайян кард, ки таъсири зиддимикробии мағори сабз ба моддаи махсус – пенитсиллин (онро худи мағор ҷудо мекунад) вобаста аст. Сонитар пенитсиллини холис (бензилпенитсиллин)-ро аввал тадқиқотчиёни англис Г. Флори ва Э. Чейн (1940), баъд олимони шӯравӣ З.В. Ермолйева ва Т.И. Балезина (1942) ҳосил намуданд. Кашфи пенитсиллин ба ҷустуҷӯи А.-и нав ва истеҳсоли онҳо ибтидо гузошт.
Манбаи асосии истеҳсоли А. намудҳои гуногуни занбӯруғ ва баъзе бактерияҳо (аз онҳо чандин ҳазор моддаҳои дорои антибиотик ҳосил карда шудаанд) мебошанд. Вале маълум шуд, ки баъзеи ин моддаҳо нафақат барои ангезандаи беморӣ, балки барои организми одам низ заҳрноканд. Бинобар ин, ба сифати дору фақат ҳамон А.-е истифода мешаванд, ки фаъолияти зиддимикробиашон баланд, дар муҳити биологӣ устувор ва дараҷаи заҳрнокиашон барои организм паст бошад. Пенитсиллин, стрептомитсин, тетрасиклин, левомитсетин, олеандомитсин, эритромитсин ва ғ. аз ҷумлаи чунин А. буда, фаровон истифода мешаванд.
Кашфи А. барои бомуваффақият муолиҷа кардани қариб ҳамаи бемориҳои маълуме, ки ангезандаашон микробҳоанд, имкон дод. Вале А. таъсири унверсалӣ надоранд ва ҳар яке аз онҳо фақат ба микробҳои муайяни ба он ҳассос таъсир мерасонад. Мас., пенитсиллин ҳангоми газаки шуш, уфунат, амрози римноки пӯст, дарди гулӯ ва диг. бемориҳое, ки микробҳои фасодовар меангезанд, шифобахш буда, аммо ба бактерияҳои касалии сил ва исҳоли хунин таъсир намекунанд; ҳангоми сироятҳои рӯда левомитсетин ва тетрасиклин, дар мавриди баъзе бемориҳои занбӯруғӣ бошад, нистатин ва леворин таъсир мерасонанд. А. ба бемориҳои вирусӣ (мас., гепатити вирусӣ) умуман таъсир намекунанд.
А. доруҳои босамар бошанд ҳам, ба организми бемор метавонанд таъсири манфӣ расонанд. Мас., стрептомитсин, канамитсин ва неомитсин шунавоиро паст ва фаъолияти ҷиҳози мувозанатро халалдор месозанд; левомитсетин ба хун, тетрасиклин бошад ба кори ҷигар таъсири нохуш мерасонад. Дар баъзе ашхос истеъмоли А., хусусан пенитсиллин (ҳатто миқдори хеле ками он), боиси хориши пӯст, саглес, обварам, экзема ва ғ. мешавад (ниг. Аллергия). Андешидани тадбирҳои фаврӣ (агар муолиҷа таҳти назорати духтур гузаронда шавад) имкон медҳад, ки чунин ҳодисаҳо бартараф карда шаванд. Ҳангоми худмуолиҷаи бенизом ва бардавом аллергияи доруӣ шакли музминро мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст, ки миқдори ночизи пенитсиллин ё ягон А.-и дигар (хусусан ҳангоми бо як дору такроран муолиҷа намудан) боиси сактаи анафилаксӣ (ниг. Анафилаксия) гардад. Дар ҳар ҳолати мушаххас раво ё нораво будани ин ё он антибиотикро донистан лозим аст. Мас., мавриди ҳомилагӣ, экзема, бемориҳои занбӯруғӣ ва диг. амрози пӯст истифодаи левомитсетин, ҳангоми баъзе бемориҳои гурдаю ҷигар истифодаи мономитсин манъ аст, чунки онҳо раванди бемориҳои мазкурро бадтар мекунанд. Нодуруст ва беназорат истифода бурдани А. боиси рӯй додани диг. ҳодисаҳои хатарнок низ мегардад. Дар натиҷаи истифодаи миқдори ниҳоят ками А. ё пеш аз мӯҳлат қатъ кардани корбасти онҳо, микроби беморизо, ки дар организми одам вуҷуд дорад, ба ин дору одат карда, устувор мегардад. Аз ин сабаб беморӣ ба шакли музмин гузашта, муолиҷааш душвор хоҳад шуд. Дурудароз қабул кардани дору бемории нав – кандидозро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми он пӯст, пардаҳои луобии даҳон, рӯда, шуш ва диг. узвҳо иллат меёбанд. Кандидоз асосан дар одамони солхӯрда ва кӯдакон ба мушоҳида мерасад ва муолиҷааш душвор аст. Танҳо назорати доимии духтур имкон медиҳад, ки табобат бо А. босамар гузаронида хатари инкишофи микроорганизмҳои устувор кам гардад, оқибати номатлуби таъсири А. бартараф карда шавад.
Ад.: Лесиовская Е.Е., Фармакотерапия с основами фитотерапии, М., 2003; Майский В.В., Фармакология, М., 2004; Харкевич Д.А., Фармакология, М., 2005.
Б.А. Ишонқулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …